https://sputnik.tj/20241209/bashor-asad-khonavodaash-maskav-omad-1065428507.html
Башор Асад бо аҳли хонаводааш ба Маскав омад
Башор Асад бо аҳли хонаводааш ба Маскав омад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури собиқи Сурия Башор Асад бо аҳли хонаводааш ба Маскав омад. Русия ба онҳо паноҳгоҳ додааст
2024-12-09T13:14+0500
2024-12-09T13:14+0500
2024-12-09T13:15+0500
башор асад
сурия
паноҳҷӯӣ
маскав
русия
мухолифон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065433227_0:0:1715:966_1920x0_80_0_0_9a7917c3a5e6df4b6b2ab97d5cc1ac21.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ки чанде пеш истеъфо дод ва кишварро тарк кард бо аҳли хонаводааш вориди Маскав шуданд, иттилоъ додааст як манбаъ аз Кремл ба РИА “Новости”.Ба иттилои манбаъ, давлати Русия ба онҳо бо далоили башардӯстона паноҳгоҳ додааст."Президенти Сурия Асад ва аъзои оилаи ӯ ба Русия омадаанд, ки бо назардошти мулоҳизаҳои башардӯстона ба онҳо паноҳгоҳ додаанд", - гуфт манбаъ.Ба гуфтаи ин манбаъ, Русия ҳамеша ба ҷустуҷӯи роҳи ҳалли сиёсии ҳалли бӯҳрони Сурия ҷонибдорӣ мекард. Илова бар ин, Русия зарур мешуморад, ки музокирот таҳти сарпарастии СММ аз сар гирифта шавад."Мақомҳои Русия бо намояндагони мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки раҳбарони онҳо амнияти пойгоҳҳои низомӣ ва ниҳодҳои дипломатии Русия дар Сурияро кафолат додаанд, дар тамос ҳастанд", - афзуд манбаъ.Ин манбаъ таъкид кардааст, ки Русия умедвор аст, ки муколамаи сиёсиро ба хотири манофеи мардуми Сурия ва густариши равобити дуҷониба миёни кишварҳо идома диҳад.Ҳамсӯҳбати РИА “Новости” ҳамчунин қайд кард, ки Маскав бо намояндагони мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки раҳбарони онҳо амнияти пойгоҳҳои низомии Русия ва муассисаҳои дипломатии Русияро дар Сурия кафолат додаанд, тамос ҳастанд.Рӯзи якшанбе намояндагони мухолифони мусаллаҳ дар Сурия эълом карданд, ки назорат бар ин кишварро барқарор кардаанд. Нахуствазири Сурия Муҳаммад Ғозӣ ал-Ҷалолӣ гуфт, ки бо чанд вазир дар ин кишвар боқӣ мондаанд ва бо раҳбарияти мухолифони мусаллаҳ тамос барқарор намудаанд.Вазорати хориҷаи Русия хабар дод, ки Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, пас аз музокира бо шуморе аз ширкаткунандагони даргириҳо, тасмим гирифт, ки истеъфо диҳад ва кишварро тарк кард ва дастур дод, ки қудрат ба таври осоишта интиқол дода шавад, дар ҳоле ки Русия дар музокирот ширкат накардааст.
https://sputnik.tj/20241208/bashor-asad-firor-hukumat-suqut-suriya-1065413860.html
сурия
маскав
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065433227_208:0:1648:1080_1920x0_80_0_0_c3c2e4e8bbc41c42fb61ed9b3f8cab32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, маскав,, башор асад, хонавода, сурия, паноҳандагӣ
русия, маскав,, башор асад, хонавода, сурия, паноҳандагӣ
Башор Асад бо аҳли хонаводааш ба Маскав омад
13:14 09.12.2024 (Навсозишуда: 13:15 09.12.2024) Раисҷумҳури собиқи Сурия Башор Асад бо аҳли хонаводааш ба Маскав омад. Русия ба онҳо паноҳгоҳ додааст
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ки чанде пеш истеъфо дод ва кишварро тарк кард бо аҳли хонаводааш вориди Маскав шуданд, иттилоъ додааст як манбаъ аз Кремл ба РИА “Новости”.
Ба иттилои манбаъ, давлати Русия ба онҳо бо далоили башардӯстона паноҳгоҳ додааст.
"Президенти Сурия Асад ва аъзои оилаи ӯ ба Русия омадаанд, ки бо назардошти мулоҳизаҳои башардӯстона ба онҳо паноҳгоҳ додаанд", - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Русия ҳамеша ба ҷустуҷӯи роҳи ҳалли сиёсии ҳалли бӯҳрони Сурия ҷонибдорӣ мекард. Илова бар ин, Русия зарур мешуморад, ки музокирот таҳти сарпарастии СММ аз сар гирифта шавад.
"Мақомҳои Русия бо намояндагони мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки раҳбарони онҳо амнияти пойгоҳҳои низомӣ ва ниҳодҳои дипломатии Русия дар Сурияро кафолат додаанд, дар тамос ҳастанд", - афзуд манбаъ.
Ин манбаъ таъкид кардааст, ки Русия умедвор аст, ки муколамаи сиёсиро ба хотири манофеи мардуми Сурия ва густариши равобити дуҷониба миёни кишварҳо идома диҳад.
Ҳамсӯҳбати РИА “Новости” ҳамчунин қайд кард, ки Маскав бо намояндагони мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки раҳбарони онҳо амнияти пойгоҳҳои низомии Русия ва муассисаҳои дипломатии Русияро дар Сурия кафолат додаанд, тамос ҳастанд.
Рӯзи якшанбе намояндагони мухолифони мусаллаҳ дар Сурия эълом карданд, ки назорат бар ин кишварро барқарор кардаанд. Нахуствазири Сурия Муҳаммад Ғозӣ ал-Ҷалолӣ гуфт, ки бо чанд вазир дар ин кишвар боқӣ мондаанд ва бо раҳбарияти мухолифони мусаллаҳ тамос барқарор намудаанд.
Вазорати хориҷаи Русия хабар дод, ки Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, пас аз музокира бо шуморе аз ширкаткунандагони даргириҳо, тасмим гирифт, ки истеъфо диҳад ва кишварро тарк кард ва дастур дод, ки қудрат ба таври осоишта интиқол дода шавад, дар ҳоле ки Русия дар музокирот ширкат накардааст.