Ҷангҷӯён вориди Димишқ шуданду низомиён шаҳрро тарк мекунанд - дар Сурия чӣ мегузарад

© AP / Omar SanadikiОбстановка в Дамаске после захвата города боевиками оппозиции
Обстановка в Дамаске после захвата города боевиками оппозиции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2024
Обуна шудан
Сарвазири ин кишвар эълом дошт, ки омода аст бо ҳар ҳукумате, ки мардуми Сурия интихоб мекунанд, ҳамкорӣ кунад
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вазъияти амниятӣ дар Сурия тайи ҳар соат дар ҳоли тағйир аст.
Матбуоти маҳаллӣ гузориш медиҳад, ки дар Димишқ пойтахти Сурия садои таркиш ва садои тирпарронӣ шунида шудааст.
"Ҷангҷӯёни суриягӣ Димишқро зери назорат гирифтанд",- иддао дорад шабакаи телевизионии Al Hadath.
Фурудгоҳи байнулмилалии Димишқ комилан аз кор монд ва ҳама кормандони он корро тарк карданд. Қабул ва фиристодани парвозҳо пурра қатъ шудааст.
Дар ҳамин ҳол ба гузориши шабакаи телевизионии Al Jazeera, воҳидҳои артиши Сурия маркази Димишқро тарк кардаанд.
Нахуствазири Сурия Муҳаммад Ғози ал-Ҷалоли эълом дошт, ки омода аст бо ҳама гуна раҳбарияти интихобкардаи мардум ҳамкорӣ кунад.
Заместитель министра иностранных дел Ирана Аббас Аракчи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2024
Сурия дигарбора дар нооромӣ: Эрон гуфт, фаъолшавии террористҳо кори кист?
Ба ба иттилои Al Jazeera️ нахуствазири Сурия хостори ҳифзи ниҳодҳои давлатӣ шуд, ки "барои ҳама" ҳастанд;
️Раҳбари ҳукумати Сурия омодагии худро барои интиқоли қудрат дар кишвар ба таври осоишта эълон кард, хабар медиҳад Al Arabiya.

Ҳамла ба Сурия

Гурӯҳи террористии "Ҳаёт Таҳрир аш-Шам"* (собиқ Ҷабҳат-ан-Нусра*) якҷо бо як қатор сохторҳои мусаллаҳ, ки бахше аз мухолифони ба истилоҳ мусаллаҳи Сурия мебошанд, рӯзи 29 ноябр амалиёти густардаеро аз шимоли Идлиб ба сӯи шаҳрҳои Ҳалаб ва Ҳамо оғоз карданд.
Пас аз як рӯз, 30 ноябр дуввумин шаҳри бузурги Сурия ва атрофи он, аз ҷумла фурудгоҳи байнулмилалӣ ва фурудгоҳи низомии Кувайрис таҳти назорати террористҳо қарор гирифт.
Ишғоли пурраи Ҳалаб аз сӯи ҷангҷӯён бори аввал аз оғози бӯҳрон дар Сурия дар соли 2011 рух дод. То охири соли 2016 мухолифони мусаллаҳ танҳо қисмати шарқии шаҳрро таҳти назорат доштанд ва аз онҷо тавассути артиши Сурия бо пуштибонии Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия берун карда шуданд.
Флаг Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2024
Эрон хабарҳо дар бораи тахлияи сафорат дар Димишқро рад мекунад
Пас аз тасарруфи Ҳалаб гурӯҳҳои террористӣ талош карданд, то ба сӯи шаҳри Ҳамо пеш раванд ва деҳаи Маарет Нууманро ишғол кунанд. Артиши Сурия чанд рӯз аст, ки ҳамлаҳои густурдаи террористиро дар вилояти Ҳамо аз се самти мухталиф дафъ карда, омодагӣ ба ҳамлаи ҷавобиро эълом кардааст.
Бо ин ҳол, рӯзи 5 декабр фармондеҳи артиши Сурия расман аз кӯчонидани воҳидҳои худ берун аз шаҳри Ҳамо хабар дод.
Шаҳри Ҳамо, воқеъ дар маркази Сурия, дар тӯли даргириҳои Сурия, ки дар баҳори соли 2011 оғоз шуда буд, таҳти назорати артиши Сурия буд. Ҳамо аҳамияти стратегии ҷуғрофӣ дорад, ки дар байни вилоятҳои Ҳумс ва Димишқ ҷойгир аст ва инчунин ба вилояти Латакия тавассути қаторкӯҳҳо мепайвандад.
* Ташкилоти террористӣ дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0