Тоҷикистон омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли 2025-ро оғоз кардааст

© SputnikНовое здание парламента Таджикистана
Новое здание парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2024
Обуна шудан
Бо қарори комиссия дар қаламрави Тоҷикистон барои интихоботи вакилони палатаи поёнии парлумон 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон масъалаҳои ташкили интихоботи парлумони дупалатаи ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.
Интихобот инчунин аз ҷониби мақомоти намояндагӣ дар сатҳҳои дигар низ гузаронида мешавад, ки дар мохи марти соли оянда пешбинӣ карда шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа нақшаи тақвимии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории интихобот тасдиқ карда шуд.
Илова бар ин, бо қарори комиссия дар қаламрави Тоҷикистон барои интихоботи вакилони палатаи поёнии парлумон 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ташкил карда шуд.
Аъзоёни комиссияи марказӣ инчунин барои комиссияҳои поёнӣ як қатор дастурҳо қабул карданд, ки аз ҷумла тартиби пешбарӣ ва ба қайд гирифтани номзадҳо ба вакилӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин номзадҳои худпешбариро танзим мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр дар ин бора фармон имзо кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2024
Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон интихоботи нави парлумониро таъйин кард
Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.
Тибқи Қонун "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" худи ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор мешавад.
Интихоботи вакилони даъвати нави палатаи болоии порлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март таъин шудааст.
Палатаи поёнии парлумон аз 63 вакил иборат аст, ки аз онҳо 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафари дигар аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.
Палатаи болоӣ аз 33 нафар иборат аст. 25 нафари онҳоро порлумонҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ интихоб мекунанд, 8 нафари дигарро раисиҷумҳури кишвар таъйин мекунанд.
Мӯҳлати ваколатҳои парлумони Тоҷикистон 5 сол аст. Интихоботи қаблӣ ба ҳарду палатаи мақоми олии қонунгузор моҳи марти соли 2020 баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0