https://sputnik.tj/20241206/ikhroji-shahrvandoni-afghoniston-az-tojikiston-1065400692.html
Ихроҷи навбатии шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон
Ихроҷи навбатии шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи як рейди муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистон, ки қавонини будубош дар кишварро нақз карда буданд, ошкор ва ихроҷ кард
2024-12-06T16:54+0500
2024-12-06T16:54+0500
2024-12-06T16:58+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ихроҷ
берункунии муҳоҷирон
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101722/86/1017228664_0:339:3038:2048_1920x0_80_0_0_a70b39a44d881ef8b9395fa6ff6164de.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Тоҷикистон беш аз 70 шаҳрванди Афғонистонро ба хотири лағви қавонини кишвар ихроҷ кардааст.“Онҳо асосан мардони аз 18 то 50 сола буда, чанд рӯзи қабл тариқи гузаргоҳи марзии Панҷи Поён – Шерхон Бандар ба Афғонистон ихроҷ карда шуданд”, - гуфт манбаъ.Ин манбаъ аз мавориди нақзи қонун, ки аз сӯи паноҳандагони Афғонистон содир шудааст, нақзи тартиботи ҷамъиятиву қавонини будубош, ҷангу даъво ва эҷоди беназмӣ, гузоштани ришҳои бетартиб, пӯшидани либоси бегона, озори занону духтарони маҳаллӣ, таблиғи ифротияту динситезӣ дар миёни мардуми маҳал, фурӯши маводи мамнуъа, аз ҷумла ҳабҳои мухаддиротӣ ва ғайраро зикр кард.“Дар умум, онҳо қонуну қавоиди будубоши як паноҳанда дар кишварро нақз кардаанд. Онҳое, ки мавориди сабуктари нақзи қонунро муртакиб шудаанд, ихроҷ намешаванд ва ба ҳузури худ идома медиҳанд”, - гуфт манбаъ.Дар ҳамин ҳол, як фарди ихроҷшуда ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вақте онҳо вориди хоки Афғонистон шуданд, ба бархӯрди хашини марзбонони Толибон* мувоҷеҳ шудаанд.“Толибон* тақрибан даҳ нафарро иҷозаи убур доданд, аммо ҳудуди 60 танро дар як боздоштгоҳ нигаҳ медоранд ва гуфтанд, ки шумо ҳама афроди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳастед”, - гуфт вай.Ҷабҳаи муқовимати миллии Тоҷикистон як нерӯи мухолифи Толибон* аст, ки дар ҳоли ҳозир афродаш дар кишварҳои ҳамсояву дур, аз ҷумла Эрон, Тоҷикистон, Покистон, Туркия ва Аврупову Амрико паноҳ бурдаанд.Бино ба иттилои Идораи муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид, дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор паноҳанда аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Соли 2022 Тоҷикистон ҳудуди 200 нафари онҳоро ба далели нақзи қавонини будубоши кишвар ихроҷ карда буд.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20241206/zimistoni-sardu-sakht-afghoniston-kumaki-favri-niyoz-1065391125.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101722/86/1017228664_307:0:3038:2048_1920x0_80_0_0_52a69e5a6ee2c9872b3bf56a3e816c5c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонстон, ихроҷ, мақомот, қавонин, муҳоҷирон, буду бош
тоҷикистон, афғонстон, ихроҷ, мақомот, қавонин, муҳоҷирон, буду бош
Ихроҷи навбатии шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон
16:54 06.12.2024 (Навсозишуда: 16:58 06.12.2024) Дар пайи як рейди муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистон, ки қавонини будубош дар кишварро нақз карда буданд, ошкор ва ихроҷ кард
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Тоҷикистон беш аз 70 шаҳрванди Афғонистонро ба хотири лағви қавонини кишвар ихроҷ кардааст.
“Онҳо асосан мардони аз 18 то 50 сола буда, чанд рӯзи қабл тариқи гузаргоҳи марзии Панҷи Поён – Шерхон Бандар ба Афғонистон ихроҷ карда шуданд”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ аз мавориди нақзи қонун, ки аз сӯи паноҳандагони Афғонистон содир шудааст, нақзи тартиботи ҷамъиятиву қавонини будубош, ҷангу даъво ва эҷоди беназмӣ, гузоштани ришҳои бетартиб, пӯшидани либоси бегона, озори занону духтарони маҳаллӣ, таблиғи ифротияту динситезӣ дар миёни мардуми маҳал, фурӯши маводи мамнуъа, аз ҷумла ҳабҳои мухаддиротӣ ва ғайраро зикр кард.
“Дар умум, онҳо қонуну қавоиди будубоши як паноҳанда дар кишварро нақз кардаанд. Онҳое, ки мавориди сабуктари нақзи қонунро муртакиб шудаанд, ихроҷ намешаванд ва ба ҳузури худ идома медиҳанд”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, як фарди ихроҷшуда ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вақте онҳо вориди хоки Афғонистон шуданд, ба бархӯрди хашини марзбонони Толибон* мувоҷеҳ шудаанд.
“Толибон* тақрибан даҳ нафарро иҷозаи убур доданд, аммо ҳудуди 60 танро дар як боздоштгоҳ нигаҳ медоранд ва гуфтанд, ки шумо ҳама афроди Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳастед”, - гуфт вай.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Тоҷикистон як нерӯи мухолифи Толибон* аст, ки дар ҳоли ҳозир афродаш дар кишварҳои ҳамсояву дур, аз ҷумла Эрон, Тоҷикистон, Покистон, Туркия ва Аврупову Амрико паноҳ бурдаанд.
Бино ба иттилои Идораи муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид, дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор паноҳанда аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Соли 2022 Тоҷикистон ҳудуди 200 нафари онҳоро ба далели нақзи қавонини будубоши кишвар ихроҷ карда буд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.