Зимистони сарду сахт: 15 миллион нафар дар Афғонистон ба кумаки фаврӣ ниёз доранд

© AP / Mohammad IsmailМальчик убирает снег с крыши дома в Кабуле, Афганистан
Мальчик убирает снег с крыши дома в Кабуле, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2024
Обуна шудан
Ахиран Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки 14,8 милюн афғон дар зимистони ба кумакҳои фаврӣ ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дафтари Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки дар фасли зимистон 14,8 милюн афғон ба кумакҳои фаврӣ ниёз доранд дарҳоле,ки танҳо барои 6 милюн тан буҷети кофӣ дар ихтиёр дорад.
Барномаи ҷаҳонии ғизо афзудааст, ки илова бар кумакҳои башардустона, бархе аз кишварҳои ғарб аз тариқи барномаи ҷаҳонии ғизо барои як милюн кӯдак ки ними аз он духтарон ҳастанд кумак мекунад.
Ин созмони қаблан дар гузорише гуфта буд, ки бо фарорсидани фасли зимистони миллионҳо тан дар Афғонистон бо сахтии шадид мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Ин ниҳод хотирнишон карда буд, ки барои шаш моҳи оянда 680 милюн доллар барои тамоми фаъолиятҳои худ, аз ҷумлаи кумак ба осебпазиртарин хониводаҳо дар саросари кишвар ниёз дорад.
Генеральный секретарь ОДКБ Имангали
Тасмагамбетов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2024
Нигаронии дигарбораи СПАД аз ҳузури террористҳо дар Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯзи пеш Русия ба Афғонистон 30 тонна кӯмаки башардӯстона равон кард.
Ин иқдом аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия бо супориши президент Владимир Путин дар чаҳорчӯби лоиҳаи "Халқҳо дар тӯли солҳо" ва бо дастгирии агентии Sputnik ва Россотрудничество сурат гирифт.
Дар маҷмӯъ, дар ду соли ахир беш аз 50 ҳазор афғон аз 14 вилояти Русия кумакҳои башардӯстона дарёфт кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0