https://sputnik.tj/20241125/nigaronii-digarborai-spad-huzuri-terroristho-afghoniston-1065259565.html
Нигаронии дигарбораи СПАД аз ҳузури террористҳо дар Афғонистон
Нигаронии дигарбораи СПАД аз ҳузури террористҳо дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мегуяд, ҳануз теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳузур доранд
2024-11-25T15:39+0500
2024-11-25T15:39+0500
2024-11-25T15:39+0500
афғонистон
спад
террорист
гурӯҳҳои теруристӣ
амният ва мудофиа
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062505067_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cc3332082e3605ef6440fd63e4711b4a.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов, фаъолияти террористҳо дар Афғонистонро як мушкили ҷаддӣ хонда ва гуфт, тарҳи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистони ба наздики ба тасвиб мерасад.Ӯ дар мусоҳиба гуфт, СПАД барномаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар нишасте дар Остона тасвиб хоҳад кард.Вай тасвиби ин тарҳро як барномаи ҳадафманд байни кишварҳои узви СПАД донист.Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизстон ва Тоҷикистони аъзои Созмони паймони амният дастаҷамъӣ мебошанд.Имангали Тасмагамбетов вазъияти Афғонистон барои Осиёи Миёнаро нигаронкунанда хонд ва гуфт тасвиби барномаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ба кишварҳои узви СПАД ин имконро медиҳад, ки ба таври муштарак амнияти кишварҳои Осиёи Миёнаро тазмин кунанд.СПАД дар се соли гузаштаи борҳо аз вазъияти амниятии Афғонистони иброз нигаронӣ карда ва дар ҳамин ростои чандини размоиши Низомӣ дар хоки Тоҷикистони наздик ба Афғонистон баргузор кардааст.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанде пеш тарҳи эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро матраҳ кард.Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қаблан Толибонро ҳампаймони кишвараш дар мубориза бо терроризм хонд ва бар ташкили гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои тақвияти робитаҳо бо Афғонистон таъкид карда буд.
https://sputnik.tj/20241125/tarhi-taqviyati-marzi-tojikiston-afghoniston-tasvib-1065257219.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062505067_160:0:2891:2048_1920x0_80_0_0_3f01f9d36be2bf895723ba9457a25ee6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, спад, нигаронӣ, ҳузур, террористҳо, гурӯҳҳо
афғонистон, спад, нигаронӣ, ҳузур, террористҳо, гурӯҳҳо
Нигаронии дигарбораи СПАД аз ҳузури террористҳо дар Афғонистон
Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мегуяд, ҳануз теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳузур доранд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов, фаъолияти террористҳо дар Афғонистонро як мушкили ҷаддӣ хонда ва гуфт, тарҳи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистони ба наздики ба тасвиб мерасад.
Ӯ дар мусоҳиба гуфт, СПАД барномаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар нишасте дар Остона тасвиб хоҳад кард.
Вай тасвиби ин тарҳро як барномаи ҳадафманд байни кишварҳои узви СПАД донист.
Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизстон ва Тоҷикистони аъзои Созмони паймони амният дастаҷамъӣ мебошанд.
Имангали Тасмагамбетов вазъияти Афғонистон барои Осиёи Миёнаро нигаронкунанда хонд ва гуфт тасвиби барномаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ба кишварҳои узви СПАД ин имконро медиҳад, ки ба таври муштарак амнияти кишварҳои Осиёи Миёнаро тазмин кунанд.
СПАД дар се соли гузаштаи борҳо аз вазъияти амниятии Афғонистони иброз нигаронӣ карда ва дар ҳамин ростои чандини размоиши Низомӣ дар хоки Тоҷикистони наздик ба Афғонистон баргузор кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанде пеш тарҳи эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро матраҳ кард.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қаблан Толибонро ҳампаймони кишвараш дар мубориза бо терроризм хонд ва бар ташкили гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои тақвияти робитаҳо бо Афғонистон таъкид карда буд.