ИИАО ният дорад равобити тиҷоратиашро бо Эрон тақвият диҳид

© Getty Images / Mansoreh MotamediФлаг Исламской Республики Иран в Тегеране
Флаг Исламской Республики Иран в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2024
Обуна шудан
Созишномаи ИИАО бо Эрон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои воридоти мол ба бозори Эрон ва ҷалби сармоя ба кишварҳои узви ИИАО равона шудааст
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Вакилони парлумони Қазоқистон ахиран дар ҷаласаи умумӣ тасвиби Созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Эронро тасвиб карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти парлумони ин кишвар санади мазкур ба Сенат фиристода шуд.
Муовини вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Қайрат Торебоев қайд кард, ки созишнома барои фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат бо Эрон аст.
"Имрӯз байни кишварҳои мо барои номгӯи маҳдуди молҳо низоми имтиёзнок ҷорӣ карда мешавад, ки созишномаи нав қариб содироту воридоти 90% намуди маҳсулотро бебоҷ пешбинӣ мекунад. Эрон узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) нест, мутаносибан боҷи баланди воридотӣ дар сатҳи 40 -50% -ро ҷорӣ мекунад. Ҳамчунин, ҷониби Эрон дар тиҷорат бо кишварҳои узви ИИАО фаъолона маҳдудиятҳои гуногунро аз байн мебарад. Эрон ӯҳдадор мешавад, ки барои аксари молҳо боҷҳои сифрӣ татбиқ кунад", - шарҳ дод ӯ.
Технология проверки маркированных товаров с помощью системы Честный знак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2024
Русия аз ҷорӣ кардани тамғагузорӣ дар кишварҳои ИИАО-ро дастгирӣ хоҳад кард
Вай ҳамчунин аз дурнамои бозори Эрон, ки дар он беш аз 85 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ёдовар шуд.
Дар хулосаи кумитаи дахлдор гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии созишнома эҷоди як минтақаи тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои воридоти мол ба бозори Эрон ва ҷалби сармоя ба кишварҳои узви ИИАО мебошад.
Лентаи хабарҳо
0