Русия аз ҷорӣ кардани тамғагузорӣ дар кишварҳои ИИАО-ро дастгирӣ хоҳад кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкТехнология проверки маркированных товаров с помощью системы "Честный знак"
Технология проверки маркированных товаров с помощью системы Честный знак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2024
Обуна шудан
Муовини аввали сарвазири Русия гуфт, тамғагузории молҳо ба мубориза бо қалбакӣ ва поксозии бозори пинҳонӣ дар кишварҳои ИИАО ва Узбекистон нигаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Русия омода аст, ки барои татбиқи тамғагузорӣ дар фазои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) кумаки технологӣ расонад.
Дар ин бора Денис Мантуров, муовини аввали нахуствазири Русия дар як паёми видеоӣ ба иштирокчиёни форуми зидди молҳои қалбакӣ, ки дар Остона ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Русия аз ҷорӣ намудани тамғагузории маҳсулот барои мубориза бо қалбакикунии мол дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Узбекистон истиқбол мекунад ва омода аст, ки онҳоро дар истифодаи чунин технологияҳо дастгирӣ намояд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар Русия ин абзори рақамӣ дар мубориза бо қочоқи ғайриқонунии мол аллакай нисбат ба 24 гурӯҳи маҳсулот ва дар 16 гурӯҳи дигар санҷида шудааст.
Заседание Консультативного комитета Евразийской экономической комиссии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2024
ИИАО режми нави муҳоҷиратро дар Русия баррасӣ дорад
Ба гуфтаи ӯ, “муттаҳидсозии минбаъдаи талошҳо барои поксозии бозори пинҳонӣ бо назардошти афзоиши гардиши мол дар қаламрави ИИАО аҳамияти хоса дорад”.
"Мо бояд якҷоя ҳамоҳангсозиро дар мубориза бар зидди молҳои қалбакӣ пурзӯр намояем", - қайд кард муовини аввали сарвазир.
Аз 5 то 6 декабр дар пойтахти Қазоқистон Форуми XII байнулмилалии “Муқовимат ба молҳои қалбакӣ” ҷараён дорад. Дар ин платформа беш аз 500 нафар намояндагон аз кишварҳои ИИАО, Узбакистон, Тоҷикистон, Нигерия ва Швейтсария ширкат доранд.
Лентаи хабарҳо
0