https://sputnik.tj/20241206/hamkori-ba-khotiri-jahon-lavrov-taker-karlson-1065396000.html
"Ҳамкорӣ ба хотири ҷаҳон": Лавров ба рӯзноманигорӣ амрикоӣ Такер Карлсон чӣ гуфт?
"Ҳамкорӣ ба хотири ҷаҳон": Лавров ба рӯзноманигорӣ амрикоӣ Такер Карлсон чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон дар тӯли 80 дақиқа мусоҳибаи вижа анҷом дод
2024-12-06T13:11+0500
2024-12-06T13:11+0500
2024-12-06T13:11+0500
русия
дар русия
има
сергей лавров
мусоҳиба
сиёсат
амалиёти вижа
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/06/1065394972_0:0:720:406_1920x0_80_0_0_4f38d3413a31bb95fa8f68e4fce41e02.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар тӯли 80 дақиқа ба ҳамаи суолҳои рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон, посухи муфассал дод.Оқои Лавров дар ин мусоҳиба равобити имрӯзаи Маскав ва Вашингтонро гуфт ва озмоиши мушакии “Орешник”-ро шарҳ дод ва ҳамчунин шарҳ дод ва тавзеҳ дод, ки чаро Русия амалиёти вижа дар Украинаро оғоз кардааст.Дар бораи муносибатҳо бо ИМА:Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш ва Иёлоти Муттаҳида расман дар ҷанг нестанд.Миёни Русия ва Амрико чанд воситаи иртиботӣ вуҷуд дорад вале онҳо асосан ба масъалаи табодули афроди адои ҷазо дар ҳарду кишвар машғуланд.Вай таъкид кард, ки Доналд Трамп марди қавӣ аст, хеле дӯстпарвар аст, аммо ин маънои онро надорад, ки ӯ ҷонибдори Русия аст."Мо ҳеҷ монеаеро намебинем, ки Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба хотири субот дар ҷаҳон ҳамкорӣ накунанд", - гуфт Лавров.Дар бораи хавфи ҷанги ҳастаӣБа гуфтаи оқои Лавров Маскав дар бораи ҷанг бо ИМА фикр намекунад, зеро ин ҷанг метавонад танҳо ҷанги ҳастаӣ бошад;Вай афзуд, ки ҳадафи доктринаи низомии Русия ин пеш аз ҳама пешгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ аст.Гуфтугӯ дар бораи зарбаҳои мутақобили маҳдуди ҳастаӣ – ин даъват ба фалокатест, ки Русия онро намехоҳад."Агар онҳо (мақомдорони амрикоӣ) ба мантиқе пайравӣ кунанд, ки баъзе ғарбиҳо вақтҳои охир аз он ошкоро мегӯянд, гӯё ба хатҳои сурх Русия бовар накунед ва эълон карданд, хатҳои сурхро тағйир диҳем ин иштибоҳи хеле ҷиддист", — огоҳ кард вазири умури хориҷаи Русия.Дар бораи зарбаи “Орешник”:Маскав омодааст аст, аз ҳар васила истифода намояд, то ки Ғарб натавонад ба Русия "шикасти стратегӣ" расонад;Русия намехоҳад ба вазъ шиддат бахшад ва умедвор аст, ки сигнали мо ба ИМА дар шакли озмоиши “Орешник” ба таври ҷиддӣ қабул гардад;Русия бо истифода аз ин мушак мехост ба Ғарб бирасонад, ки барои дифоъ аз манофеи худ ҳама корро мекунад;Москва тайёр аст ба Ғарб "паёмхои" иловагӣ фиристад, агар онҳо дар зарбаи мушаки "Орешник" хулосаи набароранд;Амрико дар бораи истифодаи мушаки нав пешакӣ медонистанд ва дар партоби мушаки озмоишӣ ҳеҷ чизи хатарнокеро надиданд."Мо намехоҳем вазъро шиддаттар кунем, аммо азбаски ба қаламрави Русия бо мушакҳои ATACMS ва дигар силоҳҳои дурпарвоз зарба мезананд, мо ба Ғарб сигналҳо медиҳем, ки ин коррро накунанд. Умедворем, ки истифодаи системаи нави “Орешник” ҷиддӣ гирифта мешавад”, — кайд кард вазир.Дар бораи амалиёти вижа дар Украина:Вазири хориҷаи Русия қайд кард, ки агар кишварҳои Ғарб ва Киев созишҳои Минскро риоя мекарданд, Русия амалиёти вижаи низомиро оғоз намекард;Москва украинҳоро намехоҳад нест кунад, онҳо барои мардуми рус бародару хохаранд;Шумо набояд фикр кунед, ки Русия ва ИМА масъалаи Украинаро ба ҷои ҳама ҳал мекунанд, ин услуби Маскав нест;Русия тағйиротро дар изҳороти Зеленский ва Ғарб дар бораи муноқиша дар Украина мешунавад;Ақли Зеленский бегона шудааст, агар ӯ мехоҳад русзабонҳоро пас аз таҳқир алайҳи онҳо баргардонад;Ғарб шикасти музокироти Маскаву Киевро дар баҳори соли 2022 бо як иғво дар Буча рупуш мекунад;Оқои Лавро гуфт баъзе пойтахтҳо аз муноқишаи Украина хаста шудаанд, сӯҳбатҳо вуҷуд доранд, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ин мушкилотро ба гардани Аврупо вогузор кунад;Вай ҳамчунин афзуд, ки дар Русия онҳо дарк карданд, ки беҳтар аст на ба лағви таҳримҳо, балки ба худ такя кунанд."Вақте ки Украина ва сарпарастонаш нақшаи "Б"-ро оғоз карда, кӯшиш карданд, ки ин қисми шарқии Донбассро бо зӯр забт кунанд, дар ҳамон вақт мо амалиёти вижаи низомиро оғоз кардем, агар онҳо созишномаҳои Минскро риоя мекарданд, Украина ягона мебуд”, - шарҳ дод Лавров.Дар бораи бад шудани вазъ дар Сурия:ИМА, Бритониё ва дигар давлатҳо, тибқи маълумоти ошкоро, аз гурӯҳҳои исломгаро дар Сурия пуштибонӣ мекунанд - ин як бозии душвор аст;Русия мехоҳад бо Туркия ва Эрон масъалаи қатъи каналҳои маблағгузорӣ ва таслиҳоти гурӯҳҳои исломгаро дар Сурияро баррасӣ кунад."Мо мехоҳем, ки зарурати бозгашт ба иҷрои қатъии созишномаҳои Идлибро баррасӣ кунем, зеро минтақаи Идлиб маконе шуд, ки террористон аз он ҷо барои забт кардани Ҳалаб ҳаракат карданд", - гуфт вазир.
https://sputnik.tj/20230329/hushdor-general-balandpoya-rusiya-jang-hastai-1055831628.html
https://sputnik.tj/20241122/hushdori-putin-gharb-ozmoishi-mushaki-navi-farosavtii-oreshnik-1065222891.html
https://sputnik.tj/20241202/peskov-ukraina-zelenskiy-khasta-1065345222.html
русия
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/06/1065394972_72:0:712:480_1920x0_80_0_0_f29f94c3ec1e866a698379b294eb5331.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, сергей лавров, мусоҳиба, такер карлсон, има, амрико, орешник, сиёсат
русия, сергей лавров, мусоҳиба, такер карлсон, има, амрико, орешник, сиёсат
"Ҳамкорӣ ба хотири ҷаҳон": Лавров ба рӯзноманигорӣ амрикоӣ Такер Карлсон чӣ гуфт?
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон дар тӯли 80 дақиқа мусоҳибаи вижа анҷом дод
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар тӯли 80 дақиқа ба ҳамаи суолҳои рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон, посухи муфассал дод.
Оқои Лавров дар ин мусоҳиба равобити имрӯзаи Маскав ва Вашингтонро гуфт ва озмоиши мушакии “Орешник”-ро шарҳ дод ва ҳамчунин шарҳ дод ва тавзеҳ дод, ки чаро Русия амалиёти вижа дар Украинаро оғоз кардааст.
Дар бораи муносибатҳо бо ИМА:
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш ва Иёлоти Муттаҳида расман дар ҷанг нестанд.
Миёни Русия ва Амрико чанд воситаи иртиботӣ вуҷуд дорад вале онҳо асосан ба масъалаи табодули афроди адои ҷазо дар ҳарду кишвар машғуланд.
Вай таъкид кард, ки Доналд Трамп марди қавӣ аст, хеле дӯстпарвар аст, аммо ин маънои онро надорад, ки ӯ ҷонибдори Русия аст.
"Мо ҳеҷ монеаеро намебинем, ки Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба хотири субот дар ҷаҳон ҳамкорӣ накунанд", - гуфт Лавров.
Дар бораи хавфи ҷанги ҳастаӣ
Ба гуфтаи оқои Лавров Маскав дар бораи ҷанг бо ИМА фикр намекунад, зеро ин ҷанг метавонад танҳо ҷанги ҳастаӣ бошад;
Вай афзуд, ки ҳадафи доктринаи низомии Русия ин пеш аз ҳама пешгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ аст.
Гуфтугӯ дар бораи зарбаҳои мутақобили маҳдуди ҳастаӣ – ин даъват ба фалокатест, ки Русия онро намехоҳад.
"Агар онҳо (мақомдорони амрикоӣ) ба мантиқе пайравӣ кунанд, ки баъзе ғарбиҳо вақтҳои охир аз он ошкоро мегӯянд, гӯё ба хатҳои сурх Русия бовар накунед ва эълон карданд, хатҳои сурхро тағйир диҳем ин иштибоҳи хеле ҷиддист", — огоҳ кард вазири умури хориҷаи Русия.
Дар бораи зарбаи “Орешник”:
Маскав омодааст аст, аз ҳар васила истифода намояд, то ки Ғарб натавонад ба Русия "шикасти стратегӣ" расонад;
Русия намехоҳад ба вазъ шиддат бахшад ва умедвор аст, ки сигнали мо ба ИМА дар шакли озмоиши “Орешник” ба таври ҷиддӣ қабул гардад;
Русия бо истифода аз ин мушак мехост ба Ғарб бирасонад, ки барои дифоъ аз манофеи худ ҳама корро мекунад;
Москва тайёр аст ба Ғарб "паёмхои" иловагӣ фиристад, агар онҳо дар зарбаи мушаки "Орешник" хулосаи набароранд;
Амрико дар бораи истифодаи мушаки нав пешакӣ медонистанд ва дар партоби мушаки озмоишӣ ҳеҷ чизи хатарнокеро надиданд.
"Мо намехоҳем вазъро шиддаттар кунем, аммо азбаски ба қаламрави Русия бо мушакҳои ATACMS ва дигар силоҳҳои дурпарвоз зарба мезананд, мо ба Ғарб сигналҳо медиҳем, ки ин коррро накунанд. Умедворем, ки истифодаи системаи нави “Орешник” ҷиддӣ гирифта мешавад”, — кайд кард вазир.
Дар бораи амалиёти вижа дар Украина:
Вазири хориҷаи Русия қайд кард, ки агар кишварҳои Ғарб ва Киев созишҳои Минскро риоя мекарданд, Русия амалиёти вижаи низомиро оғоз намекард;
Москва украинҳоро намехоҳад нест кунад, онҳо барои мардуми рус бародару хохаранд;
Шумо набояд фикр кунед, ки Русия ва ИМА масъалаи Украинаро ба ҷои ҳама ҳал мекунанд, ин услуби Маскав нест;
Русия тағйиротро дар изҳороти Зеленский ва Ғарб дар бораи муноқиша дар Украина мешунавад;
Ақли Зеленский бегона шудааст, агар ӯ мехоҳад русзабонҳоро пас аз таҳқир алайҳи онҳо баргардонад;
Ғарб шикасти музокироти Маскаву Киевро дар баҳори соли 2022 бо як иғво дар Буча рупуш мекунад;
Оқои Лавро гуфт баъзе пойтахтҳо аз муноқишаи Украина хаста шудаанд, сӯҳбатҳо вуҷуд доранд, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ин мушкилотро ба гардани Аврупо вогузор кунад;
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар Русия онҳо дарк карданд, ки беҳтар аст на ба лағви таҳримҳо, балки ба худ такя кунанд.
"Вақте ки Украина ва сарпарастонаш нақшаи "Б"-ро оғоз карда, кӯшиш карданд, ки ин қисми шарқии Донбассро бо зӯр забт кунанд, дар ҳамон вақт мо амалиёти вижаи низомиро оғоз кардем, агар онҳо созишномаҳои Минскро риоя мекарданд, Украина ягона мебуд”, - шарҳ дод Лавров.
Дар бораи бад шудани вазъ дар Сурия:
ИМА, Бритониё ва дигар давлатҳо, тибқи маълумоти ошкоро, аз гурӯҳҳои исломгаро дар Сурия пуштибонӣ мекунанд - ин як бозии душвор аст;
Русия мехоҳад бо Туркия ва Эрон масъалаи қатъи каналҳои маблағгузорӣ ва таслиҳоти гурӯҳҳои исломгаро дар Сурияро баррасӣ кунад.
"Мо мехоҳем, ки зарурати бозгашт ба иҷрои қатъии созишномаҳои Идлибро баррасӣ кунем, зеро минтақаи Идлиб маконе шуд, ки террористон аз он ҷо барои забт кардани Ҳалаб ҳаракат карданд", - гуфт вазир.