Барканории панҷ судя бо фармони президент: киҳо барканор шуданд ва чаро

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2023
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон бо судури чанд фармон судяҳои шаҳри Душанбе, Суғд ва Ҳисорро аз вазифа барканор намуд. Иллати барканор шудани онҳо гуногун аст
ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони барканор шудани чанд судяро имзо кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, президент аз ҷумла Гиёзода Мирзоисмонро аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе барканор кард.
Ҳамчунин, Абдуллозода Музафар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ ва Ашурмамедова Маърифат аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе канор рафтанд.
Манбаъ иллати барканории ин се судяро расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан арзёбӣ кард.
Бо ду фармони дигар Раҳмон, дар Су0ду Ҳисор низ тағйирот сурат гирифт.
"Оқилзода Бахтиёр аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд ва Ҷурахонзода Масрур аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ҳисор озод карда шуданд", - ормадааст дар хабарномаи котиботи президент.
Сабаби барканор шудани ин ду нафарро котиботи роҳбари давлат ба кори дигар гузаштан рабт шуд.
Дар Тоҷикистон мавридҳои зиёде буданд, ки президент чанд судяро барои паст адани шаъну шарафи судя аз вазифа барканор кард.
Шаъну эътиборро паст заданд: Раҳмон судяҳои воломақомро барканор кард
Аз ҷумла моҳи май роҳбари давлат, раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ва судяи суди ВМКБ - ро барои паст задани шаъну эътибори судяҳо аз вазифа ронд.
Лентаи хабарҳо
0