Раҳмон бо Алиев масоили ҳамкорӣ дар доираи ИДМ-ро баррасӣ кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЦеремония официальной встречи Эмомали Рахмона в Азербайджанской Республике
Церемония официальной встречи Эмомали Рахмона в Азербайджанской Республике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2024
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 4дек — Sputnik. Суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сурат гирифт, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат натиҷаҳои ҳамоиши COP-29, масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷониба, баррасӣ шуд.
Инчунин ду роҳбар дар заминаи раёсати ояндаи Тоҷикистон дар ИДМ, масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмонро низ баррасӣ намуданд.
Эмомалӣ раҳмон дар мулоқот бо Илҳом Алиев ба натиҷаҳои Саммити бомуваффақияти COP-29 дар Боку баҳои баланд дода, натиҷаҳои онро барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хеле муҳим арзёбӣ карданд.
Выступление президента Таджикистана Эмомали Рахмона на пленарном заседании Климатического саммита ООН COP29 во вторник, 12 ноября 2024 года, в Баку, Азербайджан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2024
Пешниҳоди Раҳмон барои таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар Душанбе
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-29) дар Боку иштирок кард.
Дар конфронси мазкур президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати пешсаф дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим дар ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи сарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ намуд.
Ҳамчунин роҳбари Тоҷикистон дар чанд чорабиниҳои дигари иштирок ва суханронӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0