https://sputnik.tj/20241204/imzoi-sanadi-hamkori-tojikiston-misr-hakori-tijorati-iqtisodi-1065366067.html
Имзои се санади ҳамкорӣ: Тоҷикистону Миср ҳакориҳои тиҷоратию иқтисодиро рушд медиҳанд
Имзои се санади ҳамкорӣ: Тоҷикистону Миср ҳакориҳои тиҷоратию иқтисодиро рушд медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор гардид
2024-12-04T14:29+0500
2024-12-04T14:29+0500
2024-12-04T14:29+0500
дар тоҷикистон
миср
душанбе
иқтисод
имзо
имзо созишнома
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/04/1065364615_85:220:1209:853_1920x0_80_0_0_89d5ff5b47df4eb32655b08ec770433f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.Аз ҷумла тарафҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ ва савдои Миср, Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Миср оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ, Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар ба имзо расониданд.Зимни ҷаласаи мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар гуфтугӯ бо вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Миср хонум Рания Ал-Машат таъкид кард, ки бо муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.Дар ҷаласаи Комиссияи мазкур ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо назардошти манфиатҳои муштарак таваҷҷуҳи хос дода шудааст.Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои рушди ҳакориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима гардид.“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, фармасевтӣ, пойафзолбарорӣ, масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла сафолак, серанит ва гранит бо ҷалби сармояи мустақим, инчунин соддагардонии расмиёти савдои тарафайн корбарӣ менамоянд”, - қайд кардааст манбаъ.Зикр гардидааст, ки иқдомҳои номбурда барои афзоиши истеҳсоли молҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ дар ҳарду кишвар мусоидат менамоянд.Тарафҳо бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудбуда омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва фаннӣ баён намуданд.Ҳайати расмӣ аз Миср таҳти роҳбари вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ иборат аз муовинони вазир ва сардорони раёсатҳои вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону сармоягузорони Миср аз 3 декабри соли 2024 инҷониб дар Тоҷикистон қарор доранд.
https://sputnik.tj/20220516/misr-tasmim-bozorii-bonkii-tojikiston-vorid-1048497400.html
миср
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/04/1065364615_197:187:1085:853_1920x0_80_0_0_a022b57761608a0962b24d3e107834e5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, миср, ҳамкорӣ, санад, имзо, тиҷорат, иқтисод
тоҷикистон, миср, ҳамкорӣ, санад, имзо, тиҷорат, иқтисод
Имзои се санади ҳамкорӣ: Тоҷикистону Миср ҳакориҳои тиҷоратию иқтисодиро рушд медиҳанд
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Аз ҷумла тарафҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ ва савдои Миср, Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Миср оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ, Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар ба имзо расониданд.
Зимни ҷаласаи мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар гуфтугӯ бо вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Миср хонум Рания Ал-Машат таъкид кард, ки бо муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.
Дар ҷаласаи Комиссияи мазкур ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо назардошти манфиатҳои муштарак таваҷҷуҳи хос дода шудааст.
Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои рушди ҳакориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима гардид.
“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, фармасевтӣ, пойафзолбарорӣ, масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла сафолак, серанит ва гранит бо ҷалби сармояи мустақим, инчунин соддагардонии расмиёти савдои тарафайн корбарӣ менамоянд”, - қайд кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки иқдомҳои номбурда барои афзоиши истеҳсоли молҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ дар ҳарду кишвар мусоидат менамоянд.
Тарафҳо бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудбуда омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва фаннӣ баён намуданд.
Ҳайати расмӣ аз Миср таҳти роҳбари вазири банақшагирӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ иборат аз муовинони вазир ва сардорони раёсатҳои вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону сармоягузорони Миср аз 3 декабри соли 2024 инҷониб дар Тоҷикистон қарор доранд.