https://sputnik.tj/20220516/misr-tasmim-bozorii-bonkii-tojikiston-vorid-1048497400.html
Миср тасмим дорад, ба бозории бонкии Тоҷикистон ворид шавад
Миср тасмим дорад, ба бозории бонкии Тоҷикистон ворид шавад
Sputnik Тоҷикистон
Сармоягузорони Миср аз мақомоти кишвар хостори ифтитоҳи намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳояшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд
2022-05-16T20:40+0500
2022-05-16T20:40+0500
2022-05-17T14:02+0500
дар тоҷикистон
миср
бонк
иқтисод
бонки миллӣ
намояндагӣ
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/10/1048497372_0:40:769:472_1920x0_80_0_0_81c2b67853a63ea54a7726c99ade9284.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ин масъала дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мисри Араб, таҳти сарварии Осама Муҳамед Камол дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бокнки миллӣ.Ҳоким Холиқзода зимни мулоқот гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.“Ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ буда, роҳандозии ҳамкорӣ бо Миср дар самти сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахши бонкӣ ва суғурта ба мақсад мувофиқ мебошад”, - гуфт ӯ.Ин дар ҳолест, ки роҳбари ҳайати сармоягузорони мисрӣ Усома Муҳаммад Камол ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд ва имконияти сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ баён дошт.Ҳамзамон БМТ қайд кардааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, кушодани ташкилоти суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Миср дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.Ҳамчунин бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни бонкҳои марказии Миср ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни бахши бонкӣ ва баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба миёни бонкҳои марказӣ таваҷҷуҳ зохир гардид.
https://sputnik.tj/20220311/bozdidi-rahmon-poytakhti-nav-misr-1046716236.html
миср
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/10/1048497372_42:0:725:512_1920x0_80_0_0_ca3de414671af5ded9ac3365bbcf7a43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, миср, соҳибкорон, дидор, бонк, филиал, бозори бюонкӣ, намояндагӣ, ифтитоҳ
тоҷикистон, миср, соҳибкорон, дидор, бонк, филиал, бозори бюонкӣ, намояндагӣ, ифтитоҳ
Миср тасмим дорад, ба бозории бонкии Тоҷикистон ворид шавад
20:40 16.05.2022 (Навсозишуда: 14:02 17.05.2022) Сармоягузорони Миср аз мақомоти кишвар хостори ифтитоҳи намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳояшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ин масъала дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мисри Араб, таҳти сарварии Осама Муҳамед Камол дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бокнки миллӣ.
Ҳоким Холиқзода зимни мулоқот гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.
“Ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ буда, роҳандозии ҳамкорӣ бо Миср дар самти сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахши бонкӣ ва суғурта ба мақсад мувофиқ мебошад”, - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки роҳбари ҳайати сармоягузорони мисрӣ Усома Муҳаммад Камол ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд ва имконияти сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ баён дошт.
Ҳамзамон БМТ қайд кардааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, кушодани ташкилоти суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Миср дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Ҳамчунин бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни бонкҳои марказии Миср ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни бахши бонкӣ ва баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба миёни бонкҳои марказӣ таваҷҷуҳ зохир гардид.