https://sputnik.tj/20241204/dushanbe-hazor-tonna-mahsuloti-khurokvori-zakhira-1065360567.html
Душанбе наздик ба 19 ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира кардааст
Душанбе наздик ба 19 ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар сардхонаҳои махсуси пойтахти Тоҷикистон 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст
2024-12-04T10:49+0500
2024-12-04T10:49+0500
2024-12-04T13:25+0500
дар тоҷикистон
душанбе
захира
маводи ғизоӣ
хӯрока
сардхона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032466336_0:157:3083:1891_1920x0_80_0_0_3c6361d4416df433b90cac5b0376d742.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба ҳолати 3 декабри соли равон дар сардхонаҳои шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст.Дар ин бора Корхонаи воҳиди давлатӣ "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе" хабар додааст.Ин корхона қайд кардааст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе нақша тартиб дода шудааст, ки тибқи он захираи маводи хӯрокворӣ бояд дар ҳаҷми зарурӣ захира гардад.Аз ҷумла, тибқи ин нақша, бояд 3000 тонна картошка, 5000 тонна пиёз, 1000 тонна сабзӣ, 6000 тонна гандум, 2000 тонна шакар, 500 тонна равғани растанӣ, 3000 тонна орд, 100 тонна биринҷ захира шавад.Ба иттилои ин корхона, дар айни замон дар сардхонаҳои махсуси нигоҳдории маҳсулот 2711 тонна картошка, 5000 тонна пиёз, 3718 тонна гандум, 3154 тонна шакар, 66 тонна равғани растанӣ, 3310,2 тонна орд ва 279 тонна биринҷ захира шудааст."Ҳамзамон дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ бисёр маҳсулоти харидашуда дар ҳоли воридшавӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ қарор дорад", -қайд кардааст манбаъБа иттилои манбаъ, маҳсулоти захирашуда дорои сифати хуб буда, дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Русия, Беларус, Қазоқистон, Ҳиндустон, Покистон ва ширкатҳои ватанӣ харидорӣ ва захира шудааст.
https://sputnik.tj/20241203/dar-tojikiston-istehsoli-meva-ba-marotib-afzoish-yoft-1065355936.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032466336_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_fe2e06c43334c033c8f4f5f644f03872.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, захира, маҳсулоти ғизоӣ, хурокворӣ, сардхона
тоҷикистон, душанбе, захира, маҳсулоти ғизоӣ, хурокворӣ, сардхона
Душанбе наздик ба 19 ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира кардааст
10:49 04.12.2024 (Навсозишуда: 13:25 04.12.2024) Мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар сардхонаҳои махсуси пойтахти Тоҷикистон 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба ҳолати 3 декабри соли равон дар сардхонаҳои шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст.
Дар ин бора Корхонаи воҳиди давлатӣ "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе" хабар додааст.
Ин корхона қайд кардааст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе нақша тартиб дода шудааст, ки тибқи он захираи маводи хӯрокворӣ бояд дар ҳаҷми зарурӣ захира гардад.
Аз ҷумла, тибқи ин нақша, бояд 3000 тонна картошка, 5000 тонна пиёз, 1000 тонна сабзӣ, 6000 тонна гандум, 2000 тонна шакар, 500 тонна равғани растанӣ, 3000 тонна орд, 100 тонна биринҷ захира шавад.
Ба иттилои ин корхона, дар айни замон дар сардхонаҳои махсуси нигоҳдории маҳсулот 2711 тонна картошка, 5000 тонна пиёз, 3718 тонна гандум, 3154 тонна шакар, 66 тонна равғани растанӣ, 3310,2 тонна орд ва 279 тонна биринҷ захира шудааст.
"Ҳамзамон дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ бисёр маҳсулоти харидашуда дар ҳоли воридшавӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ қарор дорад", -қайд кардааст манбаъ
Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти захирашуда дорои сифати хуб буда, дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Русия, Беларус, Қазоқистон, Ҳиндустон, Покистон ва ширкатҳои ватанӣ харидорӣ ва захира шудааст.