Дар Тоҷикистон истеҳсоли мева ба маротиб афзоиш ёфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПанно из фруктов по случаю саммитов ОДКБ и ШОС в Душанбе
Панно из фруктов по случаю саммитов ОДКБ и ШОС в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2024
Обуна шудан
Агентии омор аз афзоиши истеҳсоли мева, ғалла, гандум, картогшка ва сабзавот дар Тоҷикистон хабар додааст
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Аз аввали сол то инҷониб истеҳсоли мева дар Тоҷикистон наздик ба 25% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора аз Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар даҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 692,4 хазор тонна мева ҷамъоварӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта 22,3% зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли ангур 45% (245,4 ҳазор тонна), зардолу 14,8% (269,4 ҳазор тонна) ва себ 11,7% (202,7 ҳазор тонна) афзоиш ёфтааст.
“Рушди ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ аз таҳкими бахши кишоварзии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар муҳим аст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Транспортно-логистический центр. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2024
Тоҷикистон савдои хориҷиро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод
Ҳамчунин дар ин давра 1,72 миллион тонна ғалла, аз ҷумла 873 ҳазор тонна гандум (+5,8%), 1,19 миллион тонна картошка (+20,6%) ва 2,93 миллион тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш агентии омор хабар дода буд, ки давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон дар ҳаҷми қариб 52 млрду 280,5 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст.
Ин ниҳод хабар дода буд, ки рушди истеҳсолдар ин давра 111,4 дарсадро ташкил додааст.
Ин дарҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2023 ба гузориши Вазорати кишоварзӣ, ҷумҳурӣ ба маблағи 44 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0