https://sputnik.tj/20241203/pizishkiyon-iiao-eron-bozor-mekushoyad-1065350048.html
Пизишкиён гуфт, ИИАО барои Эрон бозор мекушояд
Пизишкиён гуфт, ИИАО барои Эрон бозор мекушояд
Sputnik Тоҷикистон
Вай гуфт, дар нишасти ояндаи сарони ИИАО эҳтимол аст, ки ширкат кунад ва дар сафар бо худ тоҷирони эрониро барои баёни дархосту эҳтиёҷоташон биёрад
2024-12-03T11:55+0500
2024-12-03T11:55+0500
2024-12-03T16:30+0500
эрон
ииао
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/03/1065350681_0:0:3227:1816_1920x0_80_0_0_2e924cb317b5f0330ddd4cc419ffe035.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Иқтисоди Эрон бояд рушд кунад ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсоиё, як бозори муҳимро барои он боз мекунад.Дар ин бора Масъуд Пизишкиён дар як мусоҳибааш бо ИРНА изҳор дошта гуфт, ки дар охири моҳ мо ба ҳайси нозир дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок хоҳем кард. Ба гуфтаи президенти Эрон истеҳсолкунандагон ва тоҷирони эронӣ метавонанд дар ин бозорҳо бо тарофаҳои мавҷуда ҳузур дошта бошанд. Ӯ афзуд, ки дар ин давра мо бо президентҳо ва сарвазирон тақрибан 100 мулоқот доштем.Вай афзуд, ки дар нишасти ояндаи сарони ИИАО қарор аст, ки ширкат кунад ва дар сафар бо худ тоҷирони эрониро қарор аст, ки биёрад то эҳтиёҷот ва вазифаҳое, ки барои онҳо анҷом мешавад, пайгирӣ кунанд.Қаблан муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Волвач гуфт, ки масъалаи додани мақоми нозир ба Эрон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар нишасти сарони ин созмон дар моҳи декабр ниҳоӣ мешавад.Қаблан Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия хабар дода буд, ки рӯзи 25 декабр дар Санкт-Петербург нишасти Иттиҳодияи олии иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад.Ба гуфтаи вай, ин дувумин нишасти сарони кишварҳо дар соли 2024 аст ва дувумин нишаст бо дархости ҷониби Арманистон дар қаламрави Русия баргузор мешавад, ҳарчанд ин нишаст таҳти раёсати сарвазири Арманистон Никол Пашинян баргузор мешавад.Соли 2018 Эрон ва ИИАО як созишномаи тиҷоратии имтиёзнок бастанд, ки тибқи он ҳоло ҳудуди 862 номгӯи мол бо боҷҳои имтиёзнок содирот мешаванд. Созишнома 27 октябри соли 2019 эътибор пайдо кард.Дар охири моҳи декабри соли 2023 дар ҷараёни нишасти сарони ИИАО дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳарду ҷониб низ Созишномаи тиҷорати озодро ба имзо расонданд.Дар оғози соли 2024 Теҳрон барои дарёфти мақоми нозирӣ ба созмон дархост кард.
https://sputnik.tj/20241202/sodiroti-eron-kishvarhoi-iiao-afzoish-yoft-1065344813.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/03/1065350681_308:0:3039:2048_1920x0_80_0_0_1e0db783a269b6967793c374e5a4915c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пизишкиён ииао эрон бозор
пизишкиён ииао эрон бозор
Пизишкиён гуфт, ИИАО барои Эрон бозор мекушояд
11:55 03.12.2024 (Навсозишуда: 16:30 03.12.2024) Вай гуфт, дар нишасти ояндаи сарони ИИАО эҳтимол аст, ки ширкат кунад ва дар сафар бо худ тоҷирони эрониро барои баёни дархосту эҳтиёҷоташон биёрад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Иқтисоди Эрон бояд рушд кунад ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсоиё, як бозори муҳимро барои он боз мекунад.
Дар ин бора Масъуд Пизишкиён дар як мусоҳибааш бо ИРНА изҳор дошта гуфт, ки дар охири моҳ мо ба ҳайси нозир дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок хоҳем кард.
Ба гуфтаи президенти Эрон истеҳсолкунандагон ва тоҷирони эронӣ метавонанд дар ин бозорҳо бо тарофаҳои мавҷуда ҳузур дошта бошанд.
“Дар охири ҳамин моҳ мо ба ҳайси нозири Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳузур хоҳем дошт, то бо 5-6 кишваре, ки дар Авруосиё қарор доранд, бо тарифҳои паст ё сифр робита дошта бошем”,- гуфт раисҷумҳур.
Ӯ афзуд, ки дар ин давра мо бо президентҳо ва сарвазирон тақрибан 100 мулоқот доштем.
Вай афзуд, ки дар нишасти ояндаи сарони ИИАО қарор аст, ки ширкат кунад ва дар сафар бо худ тоҷирони эрониро қарор аст, ки биёрад то эҳтиёҷот ва вазифаҳое, ки барои онҳо анҷом мешавад, пайгирӣ кунанд.
Қаблан муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Волвач гуфт, ки масъалаи додани мақоми нозир ба Эрон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар нишасти сарони ин созмон дар моҳи декабр ниҳоӣ мешавад.
Қаблан Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия хабар дода буд, ки рӯзи 25 декабр дар Санкт-Петербург нишасти Иттиҳодияи олии иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад.
Ба гуфтаи вай, ин дувумин нишасти сарони кишварҳо дар соли 2024 аст ва дувумин нишаст бо дархости ҷониби Арманистон дар қаламрави Русия баргузор мешавад, ҳарчанд ин нишаст таҳти раёсати сарвазири Арманистон Никол Пашинян баргузор мешавад.
Соли 2018 Эрон ва ИИАО як созишномаи тиҷоратии имтиёзнок бастанд, ки тибқи он ҳоло ҳудуди 862 номгӯи мол бо боҷҳои имтиёзнок содирот мешаванд. Созишнома 27 октябри соли 2019 эътибор пайдо кард.
Дар охири моҳи декабри соли 2023 дар ҷараёни нишасти сарони ИИАО дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳарду ҷониб низ Созишномаи тиҷорати озодро ба имзо расонданд.
Дар оғози соли 2024 Теҳрон барои дарёфти мақоми нозирӣ ба созмон дархост кард.