https://sputnik.tj/20241202/sodiroti-eron-kishvarhoi-iiao-afzoish-yoft-1065344813.html
Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО 2,5 баробар афзоиш ёфтааст
Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО 2,5 баробар афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Эрон ҳамкориҳои иқтисодиашро бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақвият додааст. Содироти ин кишвар ба кишварҳои ИИАО 2,5 баробар афзоиш ёфтааст
2024-12-02T19:21+0500
2024-12-02T19:21+0500
2024-12-02T19:21+0500
содирот
иқтисод
ииао
авруосиё
эрон
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358708_222:133:3072:1736_1920x0_80_0_0_eafa1681c528e26732287b54704998f9.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Содироти Эрон ба кишварҳои АвруОсиё аз замони имзои як созишномаи тиҷории имтиёзнок бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки чаҳор соли пеш сурат гирифт 2,5 баробар афзоиш ёфт.Муҳаммадалӣ Деҳқон Деҳнавӣ, раиси Созмони пешбурди тиҷорати Эрон таъкид кардааст, ки ин нишондиҳанда аз муваффақияти сиёсати тиҷоратии ин кишвар гувоҳи медиҳад.Муҳаммадалӣ Деҳқон Деҳнавӣ афзоиши содиротро ба коҳиши боҷҳо дар чаҳорчӯби тавофуқоти имзошуда байни ду тараф рабт дод.Эрон ва ИИАО низ 25 декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия созишномаи тиҷорати озодро имзо карданд, ки ҳадафаш аз байн бурдани монеаҳои таруфавӣ ва ғайритаруфавӣ ва мусоидат ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пезешкиён, ба таҳкими равобит бо кишварҳои АвруОсиё барои тавсеъаи дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи вижа кардааст.Тибқи маълумоти ахири Хадамоти гумруки Эрон, содирот ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар панҷ моҳи аввали соли тақвими Эрон (аз 20 март то 20 август) 16% афзоиш ёфтааст.Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 2,2 миллион тонна расид, ки нисбат ба соли гузашта 35 фоиз зиёд аст.Эрон ҳамчунин дар нишасти солонаи ИИАО, ки рӯзҳои 30 сентябр ва 1 октябр дар Еревани Арманистон баргузор шуд, бо як ҳайати баландпояи иборат аз намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ ширкат кард.Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон Муҳаммад Ризо Ареф дар ин дидор пойбандии ин кишварро ба густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодӣ бо кишварҳои узви ИИАО таъйид кард.Муваффақияти созишномаи тиҷорати озод ба стратегияи Эрон барои ҳамгироии амиқтар ба иқтисоди минтақа ва таҳкими ҳузураш дар бозорҳои байналмилалӣ таъкид мекунад.
https://sputnik.tj/20241129/qazoqiston-sodiroti-benzin-va-dizelro-ghayr-az-kishvarhoi-iiao-man-khohad-kard-1065320930.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358708_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_1593fc91e519c0046ac64437fcc7f4c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот, ииао, иқтисод, равобит, ҳамкорӣ, тақвият
содирот, ииао, иқтисод, равобит, ҳамкорӣ, тақвият
Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО 2,5 баробар афзоиш ёфтааст
Эрон ҳамкориҳои иқтисодиашро бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақвият додааст. Содироти ин кишвар ба кишварҳои ИИАО 2,5 баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Содироти Эрон ба кишварҳои АвруОсиё аз замони имзои як созишномаи тиҷории имтиёзнок бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки чаҳор соли пеш сурат гирифт 2,5 баробар афзоиш ёфт.
Муҳаммадалӣ Деҳқон Деҳнавӣ, раиси Созмони пешбурди тиҷорати Эрон таъкид кардааст, ки ин нишондиҳанда аз муваффақияти сиёсати тиҷоратии ин кишвар гувоҳи медиҳад.
Муҳаммадалӣ Деҳқон Деҳнавӣ афзоиши содиротро ба коҳиши боҷҳо дар чаҳорчӯби тавофуқоти имзошуда байни ду тараф рабт дод.
Эрон ва ИИАО низ 25 декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия созишномаи тиҷорати озодро имзо карданд, ки ҳадафаш аз байн бурдани монеаҳои таруфавӣ ва ғайритаруфавӣ ва мусоидат ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.
Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пезешкиён, ба таҳкими равобит бо кишварҳои АвруОсиё барои тавсеъаи дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи вижа кардааст.
Тибқи маълумоти ахири Хадамоти гумруки Эрон, содирот ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар панҷ моҳи аввали соли тақвими Эрон (аз 20 март то 20 август) 16% афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 2,2 миллион тонна расид, ки нисбат ба соли гузашта 35 фоиз зиёд аст.
Эрон ҳамчунин дар нишасти солонаи ИИАО, ки рӯзҳои 30 сентябр ва 1 октябр дар Еревани Арманистон баргузор шуд, бо як ҳайати баландпояи иборат аз намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ ширкат кард.
Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон Муҳаммад Ризо Ареф дар ин дидор пойбандии ин кишварро ба густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодӣ бо кишварҳои узви ИИАО таъйид кард.
Муваффақияти созишномаи тиҷорати озод ба стратегияи Эрон барои ҳамгироии амиқтар ба иқтисоди минтақа ва таҳкими ҳузураш дар бозорҳои байналмилалӣ таъкид мекунад.