Қазияи “Крокус”: Боз 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати террористҳо дар Русия ворид шуданд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкОбстановка у "Крокус Сити Холл"
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2024
Обуна шудан
“Росфинмониторинг”-и Русия нӯҳ нафареро, ки дар ҳамлаи террористии “Крокус” гумонбар дониста мешаванд, ба рӯйхати террористон дохил кард
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Аз нӯҳ нафаре, ки “Росфинмониторинг” ба рӯйхати террористон ва экстремистҳо дохил кардааст, ки панҷ нафараш зодагони Тоҷикистон ҳастанд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Қайд карда шудааст, ки “Росфинмониторинг” дар маҷмӯъ нӯ нафарро ба рӯйхат ворид кардааст.
Русия шахсони зеринро ба рӯйхат ворид кардааст:
Қурбонов Ҷумъахон Бегиҷонович*, зодаи деҳаи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон
Ҳамидов Ҳусейн Абдурасулович*, зодаи шаҳри Душанбе Тоҷикистон
Солиев Умедҷон Абдуманонович*, зодаи шаҳри Душанбе Тоҷикистон
Солиев Мустаким Абдуманонович*, зодаи шаҳри Душанбе Тоҷикистон
Гадоев Шаҳронҷон Насимович*, зодаи шаҳри Ҳисори Тоҷикистон
Аушев Ҷабраил Магомедович*, зодаи шаҳри Назрани Ҷумҳурии Ингушетия
Алиев Хаваж-Багаудин Хасанович*, зодаи шаҳри Назрани Ҷумҳурии Ингушетия
Медов Ҳусейн Алиевич*, зодаи шаҳри Назрани Ҷумҳурии Ингушетия
Кулаев Ботир Юнусович*, зодаи шаҳри Назрани ҷумҳурии Ингушетия.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Рассмотрение вопроса о продлении ареста обвиняемым в причастности к теракту в Крокус Сити Холле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2024
Мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус бори дигар тамдид шуд
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Директор Федеральной службы безопасности РФ Александр Бортников на 55-м заседании Совета руководителей органов безопасности и специальных служб стран СНГ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2024
Раиси ФСБ-и Русия гуфт тоҷиконро барои ҳамлаи террористӣ дар Крокус чигуна ҷалб намуданд
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
* Ба рӯйхати террористон ва экстримистҳои "Росфинмониторинг" ворид шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0