Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мешаванд

© Flickr \ Пресс-служба президента ТаджикистанаФлаги Таджикистана и Китая
Флаги Таджикистана и Китая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2024
Обуна шудан
Чорабиниҳо бо ҳадафи таҳкими равобити фарҳангии дуҷониба ва табодули таҷриба миёни ҳунармандони ду кишвар баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 дек— Sputnik. Дар моҳи апрели соли 2025 қарор аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор шавад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.
Маълум аст, ки чунин тасмим пас аз мулоқоти раиси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо сафири Чин дар ин кишвар Ҷи Шумин гирифта шудааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ташкили намоишгоҳҳо, таҳияи барномаҳои фарҳангӣ ва як қатор масъалаҳои табодули таҷриба миёни ҳунармандони ду кишварро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки дар ҷараёни мулоқот ба таҳкими равобити фарҳангии дуҷониба аҳамияти хоса дода шуд, ки онҳо дар рушди ҳамкориҳои башардӯстона нақши муҳим доранд.
Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2024
Мусиқиву сурудҳои миллӣ ва рақс: Идомаи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон – видео
Дар Рӯзҳои фарҳангӣ дар Чин Тоҷикистон ҳунари миллӣ, анъана ва мероси фарҳангии худро ба намоиш мегузорад.
Гуфта мешавад, ки дар барнома намоишгоҳи рассомон, консертҳо ва дарсҳои маҳорат дар назар гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Матлубахон Сатториён, баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими дӯстии мардум ва равобити Тоҷикистону Чин мусоидат мекунад.
Дар навбати худ Сафири Чин Ҷи Шумин аҳамияти муколамаи фарҳангиро барои густариши ҳусни тафоҳум байни давлатҳо қайд намуда, изҳори боварӣ намуд, ки чорабиниҳо бомуваффақият баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон низ Рӯзҳои фарҳанги Белорус баргузор шуданд. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ барномахои гуногуни бадеӣ ва намоиши филми адабӣ-ҳуҷҷатии ду мамлакат "Хуни дил" барпо гардид.
Барои сокинони Душанбе барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш карда шуда, меҳмонони хориҷӣ дар навбати худ ҷойҳои асосии пойтахтро тамошо карданд.
Лентаи хабарҳо
0