Дар Тоҷикистон шумори касбҳои мамнуъ барои занонро зиёд карданиянд

© SputnikЖенщины в национальной одежде
Женщины в национальной одежде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2024
Обуна шудан
Намояндаи Вазорати меҳнат бар ин назар аст, ки бо рушди технология ва автоматикунонӣ дар корхонаҳо баъзе аз самтҳо, дар мисоли бахши саноат бозбиниро мехоҳад
ДУШАНБЕ, 1 дек— Sputnik. Дар Тоҷикистон қасд доранд, шумораи касбҳои мамнуъ барои занонро боз зиёдтар кунанд.
Бо ин маҳсад ҳоло аз ҳисоби вазорату идорахои дахлдор гуруҳи нави корӣ ташкил карда шудааст, гуфтааст муовини вазири меҳнат, муҳоҷират Шаҳноза Нодирӣ дар суҳбат бо "Ховар".
"Бо дарназардошти хулосаҳои вазорату идораҳо ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ коҳиш додани номгӯи касбҳои мамнӯъ барои занон пешбинӣ шудааст", - афзудааст манбаъ.
Ба гуфтаи ин намояндаи вазорат, соли 2023 феҳристи нави касбҳоеро, ки барои занон мамнӯъ аст, нашр шуд, ки дар он 194 касбро дар 22 бахши иқтисод дар бар мегирад, ки қаблан 334 касб буд.
Хонум Нодирӣ таъкид кард, ки рӯйхати касбҳое, ки барои занон мамнӯъ аст, мероси гузашта аст, кам кардани он ба иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад, имкон медиҳад, ки бештари занон кори дилхоҳашонро пайдо кунанд ва бо камоли кордонӣ машғул шаванд.
Аммо дар ҳамин ҳол вай қайд кард, ки баъзе аз самтҳо, дар мисоли бахши саноат бозбиниро мехоҳад.
“Оилаи 700 – нафара”: Дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия занон бо кор таъмин шуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2024
“Оилаи 700 – нафара”: Дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия занон бо кор таъмин шуданд
Дар аввал ин рӯйхат мебоист ба ҳифзи саломатии занон аз истеҳсолоти зараровар мусоидат мекард, аммо ҳоло саноат хеле фаъолона рушд мекунад, равандҳо автоматикунонида мешаванд ва аз ин рӯ, манъи даромади занон дастгирӣ нест, балки маҳдудият ба шумор меравад.
Ин тасмим дар навбати худ ба занон имкон медиҳад, ки касби дилхох, бахусус шуғли пурмаҳсулро таъмин кунанд, ки омили асосии беҳбуди некӯаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон маҳсуб мешавад, таъкид кард номбурда.
Тибқи омори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар 9 моҳи соли 2024 29 ҳазору 296 нафар занон бо кор таъмин шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 28 ҳазору 888 нафарро ташкил дода, 1,4 фоиз зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0