https://sputnik.tj/20240917/kiev-muboriza-artishi-rusiya-suriya-terroristho-tavoffuq-1064366622.html
Манбаъ: Киев барои мубориза бо артиши Русия дар Сурия бо террористҳо тавоффуқ кардааст
Манбаъ: Киев барои мубориза бо артиши Русия дар Сурия бо террористҳо тавоффуқ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Хадамотҳои махсуси Украина барои анҷоми амалиётҳои низомӣ дар қаламрави Сурия бар зидди артиши Русия бо террористҳо ба тавофуқи расидаааст
2024-09-17T20:26+0500
2024-09-17T20:26+0500
2024-09-17T20:26+0500
русия
дар русия
украина
амалиёти вижа
терроризм
террористӣ
ҳамкорӣ
истихборотӣ
сурия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/11/1064368351_0:62:3072:1790_1920x0_80_0_0_799dcb5eaa50307f2d68c5867552ac27.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Режими Киев дар ҳамоҳангӣ бо Иёлоти Муттаҳида террористони гурӯҳи “Ҳаёт Таҳрир аш-Шам”*-ро бо технологияҳои нави истифода ва истеҳсоли паҳподҳо фаъолона таълим медиҳад.Дар ояндаи наздик дар Сурия ҷабҳаи навро ба муқобили нерӯҳои Русия боз хоҳанд кард, гуфт як манбаи суриягии огоҳ аз вазъ ба РИА “Новости”."Гурӯҳи афсарони хадамоти махсуси украинӣ беш аз як моҳ пеш ба Идлиб сафар карда буданд, то ҳамлаҳоро ба нерӯҳои Русия пас бо истифода аз технологияҳои нав анҷом диҳанд то дар Сурия ҷабҳаи нав алайҳи нерӯҳои Русия боз шавад", - гуфт манбаъ.Манбаъ қаблан хабар дода буд, ки аллакай 250 мушовири низомии украинӣ дар қаламравҳои таҳти назорати террористон дар вилояти Идлиби Сурия қарор доранд. Онҳо ба таълими террористони "Ҳаят Тахрир аш-Шам”* ба истеҳсоли паҳподҳои низомии нав шуруъ карданд.Як рӯз пеш рӯзномаи Ал-Ватани Сурия бо такя ба манобеъи мухолифон дар Идлиб навишта буд, ки сардори Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина Кирилл Буданов** бо раҳбари "Ҳаят Таҳрир аш-Шом* Абумуҳаммад Ҷулонӣ дар тамос аст.Онҳо масъалаи ҷалби ҷангҷӯён барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Русияро баррасӣ карданд. Қайд карда мешавад, ки пеш аз ҳама ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ ба Украина на камтар аз ду моҳ идома дорад.Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ аз ҳузури эмиссарҳои истихбороти Украина дар минтақаи Идлиби Сурия хабар дод. Вай гуфт дар он ҷо ҷангҷӯёнро ҷалб мекунанд.Ҳафтаи гузашта рӯзномаи туркии “Aydınlık” динлик бо такя ба манобеъаш навишт, ки Киев ба “Ҳаят Таҳрир аш-Шом* бар ивази раҳоии ҷангҷӯёни тундрав, ки дар зиндони ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мешаванд, 75 паҳпод пешниҳод кардааст.Нашрия иддао дорад, ки наворҳо аз музокироти моҳи июн дар Идлибро дар даст дорад.*-Ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия.**-шахсе, ки аз ҷониби Росфинмониторинг ба феҳристи террористон ва экстремистҳо ворид шудааст
https://sputnik.tj/20240916/vazorati-difoi-rusiya-talafot-artishi-ukraina-kursk-elon-1064350398.html
русия
украина
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/11/1064368351_961:118:3072:1701_1920x0_80_0_0_ef76350e326edb9138779a5b93a32758.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сурия, русия, украина, амалиёти вижа, терроризм, террорист, тавофуқ, артиши русия
сурия, русия, украина, амалиёти вижа, терроризм, террорист, тавофуқ, артиши русия
Манбаъ: Киев барои мубориза бо артиши Русия дар Сурия бо террористҳо тавоффуқ кардааст
Хадамотҳои махсуси Украина барои анҷоми амалиётҳои низомӣ дар қаламрави Сурия бар зидди артиши Русия бо террористҳо ба тавофуқи расидаааст
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Режими Киев дар ҳамоҳангӣ бо Иёлоти Муттаҳида террористони гурӯҳи “Ҳаёт Таҳрир аш-Шам”*-ро бо технологияҳои нави истифода ва истеҳсоли паҳподҳо фаъолона таълим медиҳад.
Дар ояндаи наздик дар Сурия ҷабҳаи навро ба муқобили нерӯҳои Русия боз хоҳанд кард, гуфт як манбаи суриягии огоҳ аз вазъ ба РИА “Новости”.
"Гурӯҳи афсарони хадамоти махсуси украинӣ беш аз як моҳ пеш ба Идлиб сафар карда буданд, то ҳамлаҳоро ба нерӯҳои Русия пас бо истифода аз технологияҳои нав анҷом диҳанд то дар Сурия ҷабҳаи нав алайҳи нерӯҳои Русия боз шавад", - гуфт манбаъ.
Манбаъ қаблан хабар дода буд, ки аллакай 250 мушовири низомии украинӣ дар қаламравҳои таҳти назорати террористон дар вилояти Идлиби Сурия қарор доранд. Онҳо ба таълими террористони "Ҳаят Тахрир аш-Шам”* ба истеҳсоли паҳподҳои низомии нав шуруъ карданд.
Як рӯз пеш рӯзномаи Ал-Ватани Сурия бо такя ба манобеъи мухолифон дар Идлиб навишта буд, ки сардори Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина Кирилл Буданов** бо раҳбари "Ҳаят Таҳрир аш-Шом* Абумуҳаммад Ҷулонӣ дар тамос аст.
Онҳо масъалаи ҷалби ҷангҷӯён барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Русияро баррасӣ карданд. Қайд карда мешавад, ки пеш аз ҳама ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ ба Украина на камтар аз ду моҳ идома дорад.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ аз ҳузури эмиссарҳои истихбороти Украина дар минтақаи Идлиби Сурия хабар дод. Вай гуфт дар он ҷо ҷангҷӯёнро ҷалб мекунанд.
Ҳафтаи гузашта рӯзномаи туркии “Aydınlık” динлик бо такя ба манобеъаш навишт, ки Киев ба “Ҳаят Таҳрир аш-Шом* бар ивази раҳоии ҷангҷӯёни тундрав, ки дар зиндони ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мешаванд, 75 паҳпод пешниҳод кардааст.
Нашрия иддао дорад, ки наворҳо аз музокироти моҳи июн дар Идлибро дар даст дорад.
*-Ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия.
**-шахсе, ки аз ҷониби Росфинмониторинг ба феҳристи террористон ва экстремистҳо ворид шудааст