Натиҷаи амалиёти БДА: Сабти 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ дар панҷ рӯз

© Sputnik / Стас ЭтвешСотрудник милиции в Таджикистане
Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2024
Обуна шудан
Аз 23 ноябр то 3 декабри соли 2024 дар ҷумҳурӣ амалиёти навбатии "Муоинаи техникӣ" мегузарад
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Давоми 5 рӯзи баргузории ин амалиёт дар мамлакат тибқи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1600 қоидавайронкунӣ сабт гардид.
Дар ин бора Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
"Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ коста гардида, аз ҷониби аксар ронандагони воситаи нақлиёт талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя нашуда, ҳолатҳои бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ идора кардани нақлиёти шишаҳояшон сиёҳ, хира, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бе рақами қайди давлатӣ, бо рақамҳои бегона ва бе иҷозати машғул шудан ба фаъолияти мусофиркашонӣ зиёд ба чашм мерасанд",- қайд кардааст Раёсати БДА ВКД.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ин муддат аз ҳама бештар қоидавайронкунӣ тибқи моддаи 510, яъне бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаро талаб менамояд, ба қайд гирифта шудааст.
"Ин қоидавайронкуниҳо боиси содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт гардида, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт оварда мерасонанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ мақсади гузаронидани амалиёти "Муоинаи техникӣ"-ро шарҳ дод.
Сотрудники милиции общаются с водителем в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2024
Раҳмон 30% кормандони БДА-ро ихтисор кард
“Ин пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, бартараф намудани камбудиҳои техникӣ ва дар ҳолати муқаррарии техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт мебошад. Амалиёт аз 23 ноябр то 3 декабр гузаронида мешавад", — хабар додааст Раёсати БДА ВКД.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёт — сабукрав, боркаш ва мусофирбар сабт шудааст. Дар ҳоле, ки даҳ сол пеш, соли 2014 ин рақам ба 389 ҳазор баробар буд.
Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 587 ҳазор мошини сабукрав сабт шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд.
Лентаи хабарҳо
0