https://sputnik.tj/20241129/hukumati-tojikiston-muhojir-ikhrojshuda-rusiya-kor-tamin-1065310959.html
Ҳукумати Тоҷикистон 600 муҳоҷири ихроҷшуда аз Русияро ба кор таъмин кард
Ҳукумати Тоҷикистон 600 муҳоҷири ихроҷшуда аз Русияро ба кор таъмин кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ хабар додааст, ки давоми 10 моҳи соли равон аз Русия 17 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудааст
2024-11-29T10:49+0500
2024-11-29T10:49+0500
2024-11-29T13:04+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ихроҷ
русия
кор
таъмин ба ҷои кор
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061233233_0:389:2816:1973_1920x0_80_0_0_3c398e13c6270d17afa83ea4f7201356.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар маҳфили "Тавозун", ки дар Душанбе баргузор шуд Аслам Шамсиддин, сармутахасисси шуъбаи рушди захираҳои меҳнатии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иттилоъ дод, ки давоми 6 моҳи соли 2024 аз Русия 17 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудааст.Вай қайд намуд, ки ин омор омори расмӣ буда шумори ихроҷшудагон метавонад зиёд бошад."Ин омори расмӣ буда, инҷо муҳоҷироне, ки тавассути фурудгоҳҳои Хуҷанд, Душанбе ва Бохтар ба ватан баргаштаанд ҳисоб карда шудааст. Омор зиёдтар аст, вале ин оморӣ расмист. Мо ин оморро коркард кардем, назорати самти мазкур ба агентии меҳнат вобаста карда шудааст. Дар натиҷа аз рӯи рӯйхати пешниҳод намуда мо дидем, ки ҳастанд одамони аз Руссия ихроҷ шудаанд. Ҳамчунин ҳастанд нафароне, ки бозпас гардонидаанд" – гуфт намояндаи агентии меҳнат.Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ зимни нишасти матбуотие, ки моҳи август баргузор гардида буд шумораи шаҳрвандони аз Руссия ихроҷ шударо 17 ҳазор гуфта буд.Ҳамзамон дар ин маҳфил хабар дода шуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 373 муҳоҷир, ки аз Русия ихроҷ шуда буданд, барои дарёфти кор ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат карда, танҳо 595 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.Шумораи умумии муҳоҷирони ихроҷшуда 366 нафар ба марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонии вазорат ҷалб шуда, 189 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд.Ҳамчунин вай гуфт, ба 178 нафар қарзи имтиёзнок ва ба 1045 нафар машварати касбӣ дода шудааст.Дар ин нишаст қайд карда шуд, ки қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда бо ҷои кор таъмин шуданд.Намояндагнони вазорат гуфтанд, ки ин ниҳод барои дастгирии муҳоҷирони корӣ, ки аз Русия ихроҷ ё бозпас гардонида шудаанд, як қатор чораҳоро пешбинӣ кардааст.Аз ҷумла, намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гуфт, бо намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва кормандони вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳатто дар фурудгоҳҳо навбатдор гузошта, варақаи тарғиботӣ тақсим кардаанд.“Дар варақаҳо номгӯйи ҷойҳои кории холиро бо номгӯйи корхона ва номгӯйи марказҳои касбомӯзӣ ба муҳоҷирон пешниҳод кардаанд”, - гуфт ӯ.Намояндаи Агентӣ илова кард, ки дар 9 моҳи имсол 192 ҳазору 818 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 ҳазору 720 адад ё 9,3% зиёд аст.
https://sputnik.tj/20241111/rioya-qonun-ehtirom-muhojir-fadeev-roh-tanzim-muhojirat-rusiya-1065070797.html
https://sputnik.tj/20241127/raisi-vtb-iqtisodi-rusiya-muhojiron-nafasgir-1065277603.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061233233_43:0:2774:2048_1920x0_80_0_0_067896a5b95d4dd6f09e476b60c11b02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат, тоҷикистон, мқҳоҷирон, таъмини кор, шуғл, русия, ихроҷ
ҳукумат, тоҷикистон, мқҳоҷирон, таъмини кор, шуғл, русия, ихроҷ
Ҳукумати Тоҷикистон 600 муҳоҷири ихроҷшуда аз Русияро ба кор таъмин кард
10:49 29.11.2024 (Навсозишуда: 13:04 29.11.2024) Ба гуфтаи намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ хабар додааст, ки давоми 6 моҳи соли равон аз Русия 17 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудааст
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар маҳфили "Тавозун", ки дар Душанбе баргузор шуд Аслам Шамсиддин, сармутахасисси шуъбаи рушди захираҳои меҳнатии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иттилоъ дод, ки давоми 6 моҳи соли 2024 аз Русия 17 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудааст.
Вай қайд намуд, ки ин омор омори расмӣ буда шумори ихроҷшудагон метавонад зиёд бошад.
"Ин омори расмӣ буда, инҷо муҳоҷироне, ки тавассути фурудгоҳҳои Хуҷанд, Душанбе ва Бохтар ба ватан баргаштаанд ҳисоб карда шудааст. Омор зиёдтар аст, вале ин оморӣ расмист. Мо ин оморро коркард кардем, назорати самти мазкур ба агентии меҳнат вобаста карда шудааст. Дар натиҷа аз рӯи рӯйхати пешниҳод намуда мо дидем, ки ҳастанд одамони аз Руссия ихроҷ шудаанд. Ҳамчунин ҳастанд нафароне, ки бозпас гардонидаанд" – гуфт намояндаи агентии меҳнат.
Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ зимни нишасти матбуотие, ки моҳи август баргузор гардида буд шумораи шаҳрвандони аз Руссия ихроҷ шударо 17 ҳазор гуфта буд.
Ҳамзамон дар ин маҳфил хабар дода шуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 373 муҳоҷир, ки аз Русия ихроҷ шуда буданд, барои дарёфти кор ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат карда, танҳо 595 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Шумораи умумии муҳоҷирони ихроҷшуда 366 нафар ба марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонии вазорат ҷалб шуда, 189 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин вай гуфт, ба 178 нафар қарзи имтиёзнок ва ба 1045 нафар машварати касбӣ дода шудааст.
Дар ин нишаст қайд карда шуд, ки қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда бо ҷои кор таъмин шуданд.
Намояндагнони вазорат гуфтанд, ки ин ниҳод барои дастгирии муҳоҷирони корӣ, ки аз Русия ихроҷ ё бозпас гардонида шудаанд, як қатор чораҳоро пешбинӣ кардааст.
Аз ҷумла, намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гуфт, бо намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва кормандони вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳатто дар фурудгоҳҳо навбатдор гузошта, варақаи тарғиботӣ тақсим кардаанд.
“Дар варақаҳо номгӯйи ҷойҳои кории холиро бо номгӯйи корхона ва номгӯйи марказҳои касбомӯзӣ ба муҳоҷирон пешниҳод кардаанд”, - гуфт ӯ.
Намояндаи Агентӣ илова кард, ки дар 9 моҳи имсол 192 ҳазору 818 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 ҳазору 720 адад ё 9,3% зиёд аст.