https://sputnik.tj/20241128/jalasai-spad-hushdor-putin-oqibathoi-zarba-mushaki-atacms-rusiya-1065308834.html
Ҷаласаи СПАД: Ҳушдори Путин аз оқибатҳои зарбаҳо бо мушаки ATACMS ба қаламрави Русия
Ҷаласаи СПАД: Ҳушдори Путин аз оқибатҳои зарбаҳо бо мушаки ATACMS ба қаламрави Русия
Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, Русия маҷбур шуд аз мушаки “Орешник”-ро дар посух ба ҳамлаҳои мушакҳои дурпарвоз ба қаламрави худ озмоиш кунад
2024-11-28T19:36+0500
2024-11-28T19:36+0500
2024-11-28T19:36+0500
владимир путин
раисҷумҳур
мушак
украина
сиёсат
спад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1c/1065310377_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_d4d1afc89672f8726bcde271485d6449.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ҳушдор дод, ки Русия ҳамеша посух хоҳад дод.Путин дар Остона гуфт, "чунон ки ман на як бор гуфта будам, ҳамеша аз ҷониби мо посух дода хоҳад шуд".Раҳбари Русия таъкид кард, ки Русия борҳо таъкид кардааст, ки иҷозаи ҳамлаҳо бо мушакҳои дурпарвоз аз тарафи Киев маънои дахолати мустақими Ғарб дар ин низоъро дорад.Вай гуфт, Русия мебинад, ки чӣ гуна раҳбари режими Киев Владимир Зеленский бар иловаи мушакҳо аз хоҷагони худ барои дигар техникаи низомӣ "металбанд”."Бигзор ҳеҷ кас дар бораи мушакҳои “Калибр”-и мо,мушакҳои фаросавтии "Кинжал" ва "Сиркон" фаромӯш накунад, ки аз лиҳози хусусиятҳояшон дар ҷаҳон ҳамто надоранд.Ҳамзамон вай ҳамчунин хабар дод, ки Русия метавонад дар ояндаи наздик силоҳҳои дигарашро озмоиш кунад."Дар рӯйхати мо аз ин навъ, ба ибораи дигар, метавонад дар ояндаи наздик силоҳҳои дигар пайдо шаванд. Муштарӣ ҳатман қонеъ хоҳад шуд", - гуфт Путин.Мушаки “Искандер” монанди ҳар се навъи мушакҳои ATACMS-и сохти ИМА мебошад, ёдовар шуд ӯ.Истифодаи мушаки миёнапарвози "Орешник"Дар сурати ба таври оммавӣ истифода бурдани мушакҳои "Орешник" дар як зарба тавонмандии он ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ баробар аст.Раисиҷумҳури Русия дар сӯҳбат бо ҳамтоёни худ дар СПАД аз ин ёдовар шуд.Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ихтиёри худ чанд мушаки "Орешник" дорад, ки омодаи истифодаанд."Ҳама чизе, ки дар маркази таркиши мушак ҷойгир аст, ба хок яксон мешавад", - гуфт Путин.Мушаки “Орешник” ҳатто ба иншоотҳои хеле муҳофизатшаванда, ки дар зери замин ҷойгиранд, имкони зарбазанӣ дорад таъкид кард Путин ва қайд кард, ки истеҳсоли оммавии ин мушак аллакай оғоз шудааст.Идомаи низоъ дар УкраинаРаисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, режими Киев расмияти худро аз даст додаанд ва ҳақ надоранд ба нерӯҳои мусаллаҳ фармон диҳанд.Вай ҳамчунин афзуд, ки афроде, ки фармони Киевро иҷро мекунанд, дар ҷиноятҳо ҳам шарик мешаванд."Онҳо ҳақ надоранд, ки одамонро ба марг тела диҳанд", - гуфт Путин.Вай афзуд, ки Русия медонад, ки ба Украина чӣ миқдор аслиҳаи ғарбӣ интиқол дода шудааст ва чӣ миқдор аслиҳаи интиқоли онҳо ба нақша гирифта шудааст.Аммо фиристодани ҳатто аслиҳаи муосиртарин ба қаламрави Украина вазъро дар майдони набард тағйир намедиҳад, гуфт президент.Вазорати дифоъ ва Ситоди кулл ҳадафҳои нобудсозӣ дар қаламрави Украинаро интихоб доронд, ки онҳо метавонанд марказҳои тасмимгирӣ дар Киев, иншооти низомӣ ва корхонаҳои саноати дифоъ бошанд.Роҳбари Русия ёдовар шуд, ки режими Киев борҳо кӯшиш кардааст ба ҳадафҳои дорои аҳамияти миллӣ дар Маскав ва Санкт-Петербург зарба занад."Ва ин кӯшишҳо идома доранд", - таъкид кард президент.Русия ба ҳамлаҳои давомдор бо силоҳҳои дурпарвози Ғарб, бо мушаки “Орешник” ва идомаи амалиёти вижаи низомӣ посух хоҳад дод.Иштироккунандагони он барои Ватан, ояндаи Русия ва фарзандони худ мубориза мебаранд, гуфт Владимир Путин президенти Русия.
https://sputnik.tj/20241128/rahmon-sipos-guft-spad-marz-tojikistonu-afghonistonro-tahkim-1065306986.html
https://sputnik.tj/20241128/rusiya-inshoothoi-nizomii-rusiya-mushaki-daqiqi-zarba-1065304645.html
https://sputnik.tj/20241128/muloqoti-sarirohii-rahmonu-putin-dar-ostona--1065303223.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1c/1065310377_121:0:2850:2047_1920x0_80_0_0_c8a976fd09dfc435f5a2f06846f1e9d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, мушак, има, atacms, ҳамла, спад, қазоқистон
русия, владимир путин, мушак, има, atacms, ҳамла, спад, қазоқистон
Ҷаласаи СПАД: Ҳушдори Путин аз оқибатҳои зарбаҳо бо мушаки ATACMS ба қаламрави Русия
Путин гуфт, Русия маҷбур шуд аз мушаки “Орешник”-ро дар посух ба ҳамлаҳои мушакҳои дурпарвоз ба қаламрави худ озмоиш кунад
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ҳушдор дод, ки Русия ҳамеша посух хоҳад дод.
Путин дар Остона гуфт, "чунон ки ман на як бор гуфта будам, ҳамеша аз ҷониби мо посух дода хоҳад шуд".
Раҳбари Русия таъкид кард, ки Русия борҳо таъкид кардааст, ки иҷозаи ҳамлаҳо бо мушакҳои дурпарвоз аз тарафи Киев маънои дахолати мустақими Ғарб дар ин низоъро дорад.
"Мо борҳо таъкид карда будем, ки ин маънои ширкати мустақими ин кишварҳо дар даргириҳои мусаллаҳона дорад, зеро истифодаи ин силоҳ бидуни ширкати мустақими низомиён ва мутахассисони низомии кишварҳои дахлдори НАТО ғайриимкон аст", - гуфт Путин дар нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД.
Вай гуфт, Русия мебинад, ки чӣ гуна раҳбари режими Киев Владимир Зеленский бар иловаи мушакҳо аз хоҷагони худ барои дигар техникаи низомӣ "металбанд”.
"Бигзор ҳеҷ кас дар бораи мушакҳои “Калибр”-и мо,мушакҳои фаросавтии "Кинжал" ва "Сиркон" фаромӯш накунад, ки аз лиҳози хусусиятҳояшон дар ҷаҳон ҳамто надоранд.
Ҳамзамон вай ҳамчунин хабар дод, ки Русия метавонад дар ояндаи наздик силоҳҳои дигарашро озмоиш кунад.
"Дар рӯйхати мо аз ин навъ, ба ибораи дигар, метавонад дар ояндаи наздик силоҳҳои дигар пайдо шаванд. Муштарӣ ҳатман қонеъ хоҳад шуд", - гуфт Путин.
Мушаки “Искандер” монанди ҳар се навъи мушакҳои ATACMS-и сохти ИМА мебошад, ёдовар шуд ӯ.
Истифодаи мушаки миёнапарвози "Орешник"
Дар сурати ба таври оммавӣ истифода бурдани мушакҳои "Орешник" дар як зарба тавонмандии он ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ баробар аст.
Раисиҷумҳури Русия дар сӯҳбат бо ҳамтоёни худ дар СПАД аз ин ёдовар шуд.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ихтиёри худ чанд мушаки "Орешник" дорад, ки омодаи истифодаанд.
"Ҳама чизе, ки дар маркази таркиши мушак ҷойгир аст, ба хок яксон мешавад", - гуфт Путин.
Мушаки “Орешник” ҳатто ба иншоотҳои хеле муҳофизатшаванда, ки дар зери замин ҷойгиранд, имкони зарбазанӣ дорад таъкид кард Путин ва қайд кард, ки истеҳсоли оммавии ин мушак аллакай оғоз шудааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, режими Киев расмияти худро аз даст додаанд ва ҳақ надоранд ба нерӯҳои мусаллаҳ фармон диҳанд.
Вай ҳамчунин афзуд, ки афроде, ки фармони Киевро иҷро мекунанд, дар ҷиноятҳо ҳам шарик мешаванд.
"Онҳо ҳақ надоранд, ки одамонро ба марг тела диҳанд", - гуфт Путин.
Вай афзуд, ки Русия медонад, ки ба Украина чӣ миқдор аслиҳаи ғарбӣ интиқол дода шудааст ва чӣ миқдор аслиҳаи интиқоли онҳо ба нақша гирифта шудааст.
Аммо фиристодани ҳатто аслиҳаи муосиртарин ба қаламрави Украина вазъро дар майдони набард тағйир намедиҳад, гуфт президент.
Вазорати дифоъ ва Ситоди кулл ҳадафҳои нобудсозӣ дар қаламрави Украинаро интихоб доронд, ки онҳо метавонанд марказҳои тасмимгирӣ дар Киев, иншооти низомӣ ва корхонаҳои саноати дифоъ бошанд.
Роҳбари Русия ёдовар шуд, ки режими Киев борҳо кӯшиш кардааст ба ҳадафҳои дорои аҳамияти миллӣ дар Маскав ва Санкт-Петербург зарба занад.
"Ва ин кӯшишҳо идома доранд", - таъкид кард президент.
Русия ба ҳамлаҳои давомдор бо силоҳҳои дурпарвози Ғарб, бо мушаки “Орешник” ва идомаи амалиёти вижаи низомӣ посух хоҳад дод.
Иштироккунандагони он барои Ватан, ояндаи Русия ва фарзандони худ мубориза мебаранд, гуфт Владимир Путин президенти Русия.