Ҳушдори КҲФ аз барфу боронгариҳои пуршиддат дар Тоҷкистон

© SputnikУлица в Душанбе. Архивное фото
Улица в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2024
Обуна шудан
КҲФ ба сокинону меҳмонон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои наздик аз рафтан ба соҳили обҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайру гаштҳо ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор додааст, ки аз 29 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад.
“Борон меборад ва дар баъзе ноҳияҳо борони пуршиддат дар назар дошта шуда, дар баландиҳои беш аз 1800 метр аз сатҳи баҳр барф меборад”, қайд кардааст КҲФ.
Таъкид карда шудааст, ки бориши борон метавонад боиси баланд шудани сатҳи оби дарёҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ шуда, хатари омадани сел, резиши санг ва лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Дар ин робита, Кумита ба сокинону меҳмонони кишвар тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайру гаштҳо ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, КҲФ аз аҳолӣ даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд ва дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии занбурўғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
Дар канори Душанбе Маркази омӯзишии наҷотдиҳандагон боз шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2024
Ифтитоҳи Маркази таълимии КҲФ барои омодасозии наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон - видео
Ҳамчунин КҲФ ба сокинони манотиқи кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ тавсия додааст, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳо, ҳузур дар соҳили обҳо эҳтиёткор бошанд.
КҲФ барои пешгирӣ аз паёмадҳои эҳтимолии сел аз ахолӣ даъват кардааст, ки сари вақт ҷӯву заҳбурҳо, селроҳаҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хасрубаву регу сангу шағал тоза кунанд, то оби зиёд бемонеа роҳи бурунрафт дошта бошад ва ба манзилҳои истиқомативу хоҷагиҳои ёрирасон осеб нарсонад.
Лентаи хабарҳо
0