https://sputnik.tj/20241127/sanai-jalasai-solonai-iiao-malum-shud-1065289866.html
Санаи ҷаласаи солонаи ИИАО маълум шуд
Санаи ҷаласаи солонаи ИИАО маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Як рӯз пеш аз нишаст мулоқоти дӯстонаи раҳбарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он сарони кишварҳо дар фазои ғайрирасмӣ мулоқот хоҳанд кард
2024-11-27T19:12+0500
2024-11-27T19:12+0500
2024-11-27T19:12+0500
русия
дар русия
ииао
идм
маҷлис
санкт-петербург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1a/1065278265_0:80:3355:1967_1920x0_80_0_0_caa8263094810ad44fbf2cc7b94faed0.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ба гуфтаи ёвари президенти Федератсияи Русия Юрий Ушаков нишасти Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.Ин чорабинӣ рӯзи 25 декабр дар қаламрави Русия бо дархости Арманистон, ки раиси Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аст, баргузор мешавад."25 декабр дар Санкт-Петербург ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад", - гуфт мақомдори рус.Никол Пашинян, нахуствазири Арманистонро ҷаласаро раҳбарӣ мекунад.Ушаков ҳамчунин афзуд, ки нақшаи имзои ҳеҷ санаде вуҷуд надорад.Як рӯз пеш аз ин, 24 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти дӯстонаи раҳбарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки онҳо дар фазои ғайрирасмӣ мулоқот хоҳанд кард, гуфт ёвари президенти Русия.Вай тавзеҳ дод, ки даъватномаҳо ба ҳарду мулоқот аллакай фиристода шудаанд.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
https://sputnik.tj/20241126/davati-rahbari-fsb-hifzi-manfiathoi-iiao-briks-1065274420.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1a/1065278265_82:0:2811:2047_1920x0_80_0_0_f150193783c61185c750cc45e5fe7302.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҷаласа, мулоқоти дӯстона, санкт-петербург, ғайрирасмӣ, идм
ииао, авруосиё, ҷаласа, мулоқоти дӯстона, санкт-петербург, ғайрирасмӣ, идм
Санаи ҷаласаи солонаи ИИАО маълум шуд
Як рӯз пеш аз нишаст мулоқоти дӯстонаи раҳбарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он сарони кишварҳо дар фазои ғайрирасмӣ мулоқот хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ба гуфтаи ёвари президенти Федератсияи Русия Юрий Ушаков нишасти Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Ин чорабинӣ рӯзи 25 декабр дар қаламрави Русия бо дархости Арманистон, ки раиси Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аст, баргузор мешавад.
"25 декабр дар Санкт-Петербург ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад", - гуфт мақомдори рус.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистонро ҷаласаро раҳбарӣ мекунад.
Ушаков ҳамчунин афзуд, ки нақшаи имзои ҳеҷ санаде вуҷуд надорад.
Як рӯз пеш аз ин, 24 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти дӯстонаи раҳбарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки онҳо дар фазои ғайрирасмӣ мулоқот хоҳанд кард, гуфт ёвари президенти Русия.
Вай тавзеҳ дод, ки даъватномаҳо ба ҳарду мулоқот аллакай фиристода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.