https://sputnik.tj/20241126/davati-rahbari-fsb-hifzi-manfiathoi-iiao-briks-1065274420.html
Даъвати раҳбари ФСБ барои ҳифзи манфиатҳои ИИАО ва БРИКС
Даъвати раҳбари ФСБ барои ҳифзи манфиатҳои ИИАО ва БРИКС
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари ФСБ-и Русия аз ҳамтоёни худ дар ИДМ хост барои таъмини ҳифзи манфиатҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё талош намоянд
2024-11-26T18:01+0500
2024-11-26T18:01+0500
2024-11-26T18:01+0500
александр бортников
русия
дар русия
ииао
брикс
манфиат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064586916_0:53:1175:714_1920x0_80_0_0_f1a911ac62e82e1d58a70fe40d69c3a0.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Роҳбари ФСБ-и Русия Александр Бортников аз ҳамтоёни худ аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки талошҳоро барои ҳифзи манфиатҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар оянда, БРИКС бештар намоянд."Мехоҳам қайд намоям, ки мо таҷрибаи ғании ҳамкориҳои байниидоравӣ дорем, механизмҳои муқарраршудаи амният дар доираи ИДМ, СПАД ва СҲШ ба мо имкон медиҳанд, ки чолишҳо ва таҳдидҳои навро самаранок муайян ва рафъ кунем", - гуфт ӯ.Вай дар ҷаласаи сарони ниҳодҳои амниятӣ, идораҳо ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ даъват кард, ки талошҳоро барои таъмини ҳифзи манфиатҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар оянда БРИКС бештар намоянд.Ӯ қайд кард, ки вазифаи муҳим — пешгирӣ аз нақшаҳои бесарусомонӣ дар ИДМ аст.Ба гуфтаи ӯ, афзоиши чолишҳои беруна ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои муштаракулманофеъ зарурати тавсеа ва таҳкими бештари шарикии хадамоти истихбороти миллӣ, аз ҷумла хадамоти кашшофиро тақозо мекунад.Ба таҳкими ҳамкории мутақобила, гуфт ӯ, татбиқи муштараки барнома дар соҳаи поин овардани тундгароӣ дар фазои Иттиҳод, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби раҳбарони кишварҳои ИДМ қабул шуда буд, мусоидат мекунад.Вай инчунин аз шарикон даъват кард, ки аз имконоти пойгоҳи байналмилалии зиддитеррористӣ, ки аз ҷониби Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия таъсис ёфтааст, фаъолтар истифода баранд.
https://sputnik.tj/20241123/iiao-kharidi-davlat-kafolat-bonk-etirof-1065241457.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064586916_55:0:1131:807_1920x0_80_0_0_b07f92ad54fd7f972f648ec2e867942c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, брикс, манфиат, ҳифз ҳуқуқ, идм, бортников
ииао, авруосиё, брикс, манфиат, ҳифз ҳуқуқ, идм, бортников
Даъвати раҳбари ФСБ барои ҳифзи манфиатҳои ИИАО ва БРИКС
Роҳбари ФСБ-и Русия аз ҳамтоёни худ дар ИДМ хост барои таъмини ҳифзи манфиатҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё талош намоянд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Роҳбари ФСБ-и Русия Александр Бортников аз ҳамтоёни худ аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки талошҳоро барои ҳифзи манфиатҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар оянда, БРИКС бештар намоянд.
"Мехоҳам қайд намоям, ки мо таҷрибаи ғании ҳамкориҳои байниидоравӣ дорем, механизмҳои муқарраршудаи амният дар доираи ИДМ, СПАД ва СҲШ ба мо имкон медиҳанд, ки чолишҳо ва таҳдидҳои навро самаранок муайян ва рафъ кунем", - гуфт ӯ.
Вай дар ҷаласаи сарони ниҳодҳои амниятӣ, идораҳо ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ даъват кард, ки талошҳоро барои таъмини ҳифзи манфиатҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар оянда БРИКС бештар намоянд.
Ӯ қайд кард, ки вазифаи муҳим — пешгирӣ аз нақшаҳои бесарусомонӣ дар ИДМ аст.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши чолишҳои беруна ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои муштаракулманофеъ зарурати тавсеа ва таҳкими бештари шарикии хадамоти истихбороти миллӣ, аз ҷумла хадамоти кашшофиро тақозо мекунад.
Ба таҳкими ҳамкории мутақобила, гуфт ӯ, татбиқи муштараки барнома дар соҳаи поин овардани тундгароӣ дар фазои Иттиҳод, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби раҳбарони кишварҳои ИДМ қабул шуда буд, мусоидат мекунад.
Вай инчунин аз шарикон даъват кард, ки аз имконоти пойгоҳи байналмилалии зиддитеррористӣ, ки аз ҷониби Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия таъсис ёфтааст, фаъолтар истифода баранд.