Раводид миёни Тоҷикистону Малдив лағв шуд

© Foto / Министерство иностранных дел ТаджикистанаЦеремония подписания Соглашения об отмене визовых требований между Таджикистаном и Мальдивами
Церемония подписания Соглашения об отмене визовых требований между Таджикистаном и Мальдивами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2024
Обуна шудан
Санадро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва намояндаи доимии Малдив дар СММ имзо карданд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тоҷикистон боз бо як кишвари дигар низоми раводидро лағв кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳамакнун раводид миёни Тоҷикистон ва Малдив лағв шуд.
Гуфта мешавад, созишнома байни ҳукуматҳои ду кишварро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Малдив дар ин созмон Алӣ Насир Муҳаммад дар шаҳри Ню- Йорк имзо карданд.
"Тибқи созишнома шаҳрвандони ду кишвар бидуни раводид то 30 рӯз метавонанд ба қаламрави ҳамдигар рафтуомад кунанд", - омадааст дар хабари вазорат.
Таъкид гардид, ки санади мазкур баъди анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ мавриди амал қарор мегирад.
Флаги Ирана и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2024
Равуои бемамоният миёни Тоҷикистону Эрон: Низоми бераводид ба кор медарояд
Маврид ба зикр аст, ки моҳи август низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон лағв шуда буд. Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд.
Бояд қайд кард, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз мавҷуд аст.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ҳар сол даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд.
Лентаи хабарҳо
0