https://sputnik.tj/20241127/posdorii-dustii-khalqho-hifzi-nomi-rusiya-khujand-video-1065289486.html
Посдории дӯстии халқҳо: ҳифзи номи арбобони илмии Русия дар кӯчаҳои Хуҷанд – видео
Посдории дӯстии халқҳо: ҳифзи номи арбобони илмии Русия дар кӯчаҳои Хуҷанд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд ному насаби шоирони Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳонро пайдо намудан имконпазир аст
2024-11-27T17:59+0500
2024-11-27T17:59+0500
2024-11-27T17:59+0500
видео
суғд
хуҷанд
ном
кӯча
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065289306_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_7e0b71be84b83e58a6289a472c9fe4b2.jpg
Юрий Гагарин, Сергей Есенин, Максим Горкий, Михаил Фрунзе, Пётр Чайковский, Александр Пушкин ва боз номи чандин арбобони илму адабиёти Русия дар маҳаллаҳои Хуҷанд ҳифз шудаанд.Бисёре аз сокинони кӯҳансоли Хуҷанд мегуянд, баргузидани номи кӯчаҳои шаҳр ба номи ин шахсиятҳои маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ аз солҳои 60 - уми асри гузашта рос меояд ва онҳо инро як василаи муассири азбаркунии илм барои насли ҷавон арзёбӣ мекунанд.Зеро дар ин кӯчаҳо ҳамарӯза ҳазорҳо тан сокинон аз ҷумла кӯдакону ҷавонон убур мекунанд ва ному корномаҳои чунин шахсиятҳои мондагори арсаи илму бештар шинос шуда метавонанд. Ва яке аз сабабҳои ба номҳои дигар иваз нашудани ин кӯчаҳо ҳам ҳамин гуфта мешавад.Дар Хуҷанд Боғи Ғалаба ва Қароргоҳи президент навсозӣ мешавандТоҳирҷон Ҳошимов, сокини шаҳри Хуҷанд мегуяд, 70 сол аст, ки дар кӯчаи ба номи Ю. Гагарин зиндагӣ мекунад. Ӯ, мегуяд, дар ёд дорад, ки солҳои 60 - ум асри гузашта номи ин кӯча ба исми ин нахусткайҳоннаварди рус гузошта шуда буд ва то имрӯз номи кӯча ҳамчунон нигоҳ дошта шудааст. Ин ҳамсуҳбати мо аҳамияти номмонии кӯчаро ин тавр шаҳр дод.“Ман фикр мекунам, ки номи ин ва дигар шахсиятҳое, ки дар кӯчаҳои Хуҷанд то имрӯз боқӣ мондаанд василаи он хоҳад буд, ки ҷавонон бо шинохти ин номҳо ба корномаҳои илмии чунин шахсиятҳо дарк хоҳанд кард. Ин падидаи хуб аст ва дар зеҳни ҷавонони мо илмомӯзиву комёбшавӣ хутур хоҳад кард” – зикр кард, сокини кӯчаи ба номи Ю. Гагарин дар Хуҷанд.Дар Душанбе Фестивали "Рақс моро муттаҳид мекунад" баргузор шуд – ВидеоБар пояи иттилоъи мудири шуъбаи бойгонии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, алҳол дар 29 кӯчаҳои шаҳр номи шоирон ва шахсиятҳои маъруфи Русия ва дигар мамолики хориҷ нигаҳдорӣ мешавад.Масъулини комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофии шаҳри Хуҷанд бетағйир мондани номи кӯчаҳо ба номи чунин арбобони илму адабиёти ҷаҳониро посдории дӯстии байни халқҳо ва дӯстии байни давлатҳо арзёбӣ мекунанд.
суғд
хуҷанд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065289306_222:0:1662:1080_1920x0_80_0_0_fc2a43ab77770c6dcfccb0c38b839d6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, хуҷанд, кӯча, русия, ҳифз, посдорӣ, арбобон, хиёбонҳо, видео
суғд, хуҷанд, кӯча, русия, ҳифз, посдорӣ, арбобон, хиёбонҳо, видео
Посдории дӯстии халқҳо: ҳифзи номи арбобони илмии Русия дар кӯчаҳои Хуҷанд – видео
Дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд ному насаби шоирони Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳонро пайдо намудан имконпазир аст
Юрий Гагарин, Сергей Есенин, Максим Горкий, Михаил Фрунзе, Пётр Чайковский, Александр Пушкин ва боз номи чандин арбобони илму адабиёти Русия дар маҳаллаҳои Хуҷанд ҳифз шудаанд.
Бисёре аз сокинони кӯҳансоли Хуҷанд мегуянд, баргузидани номи кӯчаҳои шаҳр ба номи ин шахсиятҳои маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ аз солҳои 60 - уми асри гузашта рос меояд ва онҳо инро як василаи муассири азбаркунии илм барои насли ҷавон арзёбӣ мекунанд.
Зеро дар ин кӯчаҳо ҳамарӯза ҳазорҳо тан сокинон аз ҷумла кӯдакону ҷавонон убур мекунанд ва ному корномаҳои чунин шахсиятҳои мондагори арсаи илму бештар шинос шуда метавонанд. Ва яке аз сабабҳои ба номҳои дигар иваз нашудани ин кӯчаҳо ҳам ҳамин гуфта мешавад.
Тоҳирҷон Ҳошимов, сокини шаҳри Хуҷанд мегуяд, 70 сол аст, ки дар кӯчаи ба номи Ю. Гагарин зиндагӣ мекунад. Ӯ, мегуяд, дар ёд дорад, ки солҳои 60 - ум асри гузашта номи ин кӯча ба исми ин нахусткайҳоннаварди рус гузошта шуда буд ва то имрӯз номи кӯча ҳамчунон нигоҳ дошта шудааст. Ин ҳамсуҳбати мо аҳамияти номмонии кӯчаро ин тавр шаҳр дод.
“Ман фикр мекунам, ки номи ин ва дигар шахсиятҳое, ки дар кӯчаҳои Хуҷанд то имрӯз боқӣ мондаанд василаи он хоҳад буд, ки ҷавонон бо шинохти ин номҳо ба корномаҳои илмии чунин шахсиятҳо дарк хоҳанд кард. Ин падидаи хуб аст ва дар зеҳни ҷавонони мо илмомӯзиву комёбшавӣ хутур хоҳад кард” – зикр кард, сокини кӯчаи ба номи Ю. Гагарин дар Хуҷанд.
Бар пояи иттилоъи мудири шуъбаи бойгонии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, алҳол дар 29 кӯчаҳои шаҳр номи шоирон ва шахсиятҳои маъруфи Русия ва дигар мамолики хориҷ нигаҳдорӣ мешавад.
Масъулини комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофии шаҳри Хуҷанд бетағйир мондани номи кӯчаҳо ба номи чунин арбобони илму адабиёти ҷаҳониро посдории дӯстии байни халқҳо ва дӯстии байни давлатҳо арзёбӣ мекунанд.