Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои рушди ҳамкорӣ Шӯрои корӣ таъсис доданд

© Foto / Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществомПодписание меморандума о создании Делового Совета Таджикистана и Саудовской Аравии
Подписание меморандума о создании Делового Совета Таджикистана и Саудовской Аравии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2024
Обуна шудан
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба хотири рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар Шӯрои корӣ таъсис доданд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Риёз байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Иттиҳоди палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре манбаъ қайд кардааст имзои санади мазкур қадами муҳим дар рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар шаҳри Риёз дар доираи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 28-уми Конфронси байналмилалии сармоягузорӣ мулоқоти муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо раиси Иттиҳоди палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал – Ҳувайзӣ баргузор гардид.
Зимни вохурӣ, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудиро дар самти сармоягузорӣ баррасӣ намуда, барои дарёфти роҳҳои тавсеаи ин муносибатҳо мубодилаи афкор карданд.
Встреча Председателя Комитета по религии республики таджикистан с Министром хаджа и умры Королевства Саудовская Аравия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2024
Арабистони Саудӣ омодааст барои ҳоҷиёни тоҷик шароити хуб фароҳам созад
Зимни мулоқот мақомдори тоҷик қайд кардааст, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф имконоту иқтидорҳои бузурги ҳамкорӣ дорад, ки метавон онҳоро дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд дар ҳамдастӣ бо соҳибкорону сармоягузорони саудӣ истифода намуд.
Муовини якуми сарвазир дар ин дидор зикр кардааст, ки доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории саудӣ имкон доранд, ки бо истифода аз имконияту имтиёзҳои зикршуда бо ширкатҳову муассисаҳои давлативу хусусии Тоҷикистон ҳамкории созандаро ҳамчун шарики боэътимоди рушд дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ намоянд.
“Татбиқи лоиҳаҳои муҳимму ояндадори зербиноиву истеҳсолӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ дар соҳаҳои энергияи сабз, рушди инфрасохтор, саноат, коркарди маъдан, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёт метавонад заминаи ҳамкориҳои самарабахши мо бошад”, - гуфт Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло.
Лентаи хабарҳо
0