https://sputnik.tj/20241001/arabistoni-saudi-omodaast-baroi-hojiyoni-tojik-sharoiti-khub-faroham-sozad-1064546321.html
Арабистони Саудӣ омодааст барои ҳоҷиёни тоҷик шароити хуб фароҳам созад
Арабистони Саудӣ омодааст барои ҳоҷиёни тоҷик шароити хуб фароҳам созад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъкид кард, ки кишвараш ҳамеша омода аст, то шароити арзандаро барои зоирони тоҷик фароҳам орад
2024-10-01T14:31+0500
2024-10-01T14:31+0500
2024-10-01T14:31+0500
дар тоҷикистон
ҳаҷ
арабистони саудӣ
шароит
зоирони тоҷик
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/01/1064546022_100:317:2048:1413_1920x0_80_0_0_09e7666eb26e3fa96ee92d3aa9d2e01d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Дар Душанбе таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои динию фарҳангӣ ва сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додааст.Масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа баррасӣ шуд.Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла беҳтар кардани шароитҳо барои зоирони тоҷик дар раванди адои ҳаҷ ва умра, табодули таҷриба дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ташкилу танзими сафари ҳаҷ, инчунин густариши ҳамкориҳо дар самти тарғиби имкониятҳои сайёҳии ду кишварро баррасӣ намуданд.Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар ин мулоқот изҳор доштааст, ки Кумита омода аст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои омода кардани шароит ҷиҳати адои яке аз рукнҳои дини ислом чароҳои зарурӣ андешад.Вай қайд кард, ки ҳарду кишвар зарфиятҳои бузурги истифоданашуда дар самти ҷалби мутабодилаи сайёҳонро доро мебошанд.Дар ҳамин ҳол вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа изҳори омодагӣ намуд, ки кишвараш ҳамеша омода аст, то шароити арзандаро барои зоирони тоҷик фароҳам орад.Вай афзуд кишвараш омодааст ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд на танҳо дар соҳаи ҳаҷ ва умра, инчунин дигар соҳаҳои афзалиятноки ду кишвар саҳмгузор бошад.
https://sputnik.tj/20241001/tojikistonu-arabistoni-saudi-hamkori-aviatsiyai-grazhdani-taqviyat-1064539016.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/01/1064546022_72:0:2048:1482_1920x0_80_0_0_6db6d689b30e79fd065c0de2a7db8745.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, ҳаҷ, шароит, вазир, кумитаи дин, зоирони тоҷик
тоҷикистон, арабистони саудӣ, ҳаҷ, шароит, вазир, кумитаи дин, зоирони тоҷик
Арабистони Саудӣ омодааст барои ҳоҷиёни тоҷик шароити хуб фароҳам созад
Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъкид кард, ки кишвараш ҳамеша омода аст, то шароити арзандаро барои зоирони тоҷик фароҳам орад
ДУШАНБЕ, 1 окт— Sputnik. Дар Душанбе таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои динию фарҳангӣ ва сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додааст.
Масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла беҳтар кардани шароитҳо барои зоирони тоҷик дар раванди адои ҳаҷ ва умра, табодули таҷриба дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ташкилу танзими сафари ҳаҷ, инчунин густариши ҳамкориҳо дар самти тарғиби имкониятҳои сайёҳии ду кишварро баррасӣ намуданд.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар ин мулоқот изҳор доштааст, ки Кумита омода аст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои омода кардани шароит ҷиҳати адои яке аз рукнҳои дини ислом чароҳои зарурӣ андешад.
Вай қайд кард, ки ҳарду кишвар зарфиятҳои бузурги истифоданашуда дар самти ҷалби мутабодилаи сайёҳонро доро мебошанд.
Дар ҳамин ҳол вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа изҳори омодагӣ намуд, ки кишвараш ҳамеша омода аст, то шароити арзандаро барои зоирони тоҷик фароҳам орад.
Вай афзуд кишвараш омодааст ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд на танҳо дар соҳаи ҳаҷ ва умра, инчунин дигар соҳаҳои афзалиятноки ду кишвар саҳмгузор бошад.