https://sputnik.tj/20241126/rusiya-tahsil-farzandoni-muhojiron-zaboni-rusi-man-1065270247.html
Русия таҳсил барои фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, манъ мекунад?
Русия таҳсил барои фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, манъ мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Думаи давлатӣ дар Русия пешниҳод дорад, ки кӯадкони муҳоҷиронро бидуни донистани забони русӣ дар мактабҳои ин кишвар қабул накунанд
2024-11-26T12:03+0500
2024-11-26T12:03+0500
2024-11-26T12:04+0500
русия
дар русия
муҳоҷират
таҳсил
кӯдакон
мактаб
забони русӣ
думаи давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046155359_0:37:3153:1811_1920x0_80_0_0_ac6567eba271fa29b31b6017a428d7df.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро баррасӣ мекунад, ки қабули кӯдакони муҳоҷире, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳоро манъ мекунад.Гуфта мешавад, лоиҳаи пешниҳодӣ тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки барои танзими муҳоҷирати корӣ ва омехташавӣ (интегратсия)-и оилаҳои онҳо, ки ҳамроҳ бо муҳоҷирон ба Русия меоянд, нигаронида меашвад.Вячислав Володин раиси Думаи давлатии русия мегӯяд, дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки барои кӯдакони муҳоҷир, ки мехоҳанд ба мактабҳои русӣ қабул шаванд, талаботи ҳатмӣ ҷорӣ карда шавад. Аз ҷумлаи чунин талабот, санҷиши қонунӣ будани будубоши кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ва санҷиши донистани забони русӣ мебошад. Дар сурати надонистани забони русӣ пешниҳод мешавад, ки қабулшавии онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ манъ карда шавад.Тавре раиси порлумони Русия Вячеслав Володин изҳор дошт, ин пеш аз ҳама бояд худи кӯдаконро аз фишори равонӣ эмин нигоҳ дорад."Сатҳи пасти донистани забони русӣ ё набудани он дар байни фарзандони муҳоҷирон барои худи кӯдак фишор оварда, барои ҳамсинфон низ мушкилот эҷод мекунад",- тавзеҳ дод, Вячеслав Володин.Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2023 дар мактабҳои Русия беш аз 200 ҳазор кӯдак таҳсил мекарданд, ки аксар вақт дар аз худ кардани барномаи таълимӣ ва муошират бо ҳамсолон ва омӯзгорон мушкилӣ мекашанд.Қаблан раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Русия гуфта буд, ки давлат муваззаф аст кӯдакони муҳоҷирро, ҳатто агар онҳо ба далели омодагии нокифоя ба мактаб қабул накунанд, таълим диҳад.Ёдовар мешавем, ки қаблани дар ҷаласаи шӯрои амният оид ба сиёсати давлатии муҳоҷират Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва президенти пешини Русия пешниҳод кардааст, ки қабули кӯдакони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳои Русия қатъ карда шавад.Ба ақидаи Медведев сатҳи таълим дар мактабҳои Русия ба далели кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, поин меравад.Ӯ гуфтааст, лозим аст, ҳузури муҳоҷироне, ки барои амнияти кишвар таҳдид эҷод мекунанд, дар Русия пурра қатъ карда шавад.“Муҳоҷирони дорои ихтисоси паст бояд танҳо барои давраи фаъолияти меҳнатӣ ба Русия ворид шаванд. Сиёсати муҳоҷирати Русия бояд ба манфиатҳои шаҳрвандони Русия ҷавобгӯ бошад, на манфиати давлатҳои хориҷӣ. Бояд “профили рақамии муҳоҷир" ба роҳ монда шавад, ки имкон медиҳад, шахсияти хориҷиён дар саросари кишвар муайян карда шавад”, - гуфт ӯ.Дар моҳи сентябри соли 2024, нашрияи “Известия” хабар дод, ки Вазорати маориф ба мактабҳо ва кӯдакистонҳо тавсия додааст, ки дар синфҳо ва гурӯҳҳо на зиёда аз се кӯдаки муҳоҷиронро, ки забони русиро суст медонанд, қабул кунанд.
https://sputnik.tj/20241111/rioya-qonun-ehtirom-muhojir-fadeev-roh-tanzim-muhojirat-rusiya-1065070797.html
https://sputnik.tj/20241101/suporishi-rahmon-dar-borai-taqviyati-kori-namoyandagi-oid-ba-masalahoi-muhojirat-dar-khorij-1064938606.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046155359_422:0:3153:2048_1920x0_80_0_0_3bc804003382b71f034d6bd8de0d923a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, дума, фарзандон, муҳоҷирон, таҳсил, мактаб, забони русӣ
русия, муҳоҷират, дума, фарзандон, муҳоҷирон, таҳсил, мактаб, забони русӣ
Русия таҳсил барои фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, манъ мекунад?
12:03 26.11.2024 (Навсозишуда: 12:04 26.11.2024) Думаи давлатӣ дар Русия пешниҳод дорад, ки кӯадкони муҳоҷиронро бидуни донистани забони русӣ дар мактабҳои ин кишвар қабул накунанд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро баррасӣ мекунад, ки қабули кӯдакони муҳоҷире, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳоро манъ мекунад.
Гуфта мешавад, лоиҳаи пешниҳодӣ тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки барои танзими муҳоҷирати корӣ ва омехташавӣ (интегратсия)-и оилаҳои онҳо, ки ҳамроҳ бо муҳоҷирон ба Русия меоянд, нигаронида меашвад.
Вячислав Володин раиси Думаи давлатии русия мегӯяд, дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки барои кӯдакони муҳоҷир, ки мехоҳанд ба мактабҳои русӣ қабул шаванд, талаботи ҳатмӣ ҷорӣ карда шавад. Аз ҷумлаи чунин талабот, санҷиши қонунӣ будани будубоши кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ва санҷиши донистани забони русӣ мебошад. Дар сурати надонистани забони русӣ пешниҳод мешавад, ки қабулшавии онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ манъ карда шавад.
Тавре раиси порлумони Русия Вячеслав Володин изҳор дошт, ин пеш аз ҳама бояд худи кӯдаконро аз фишори равонӣ эмин нигоҳ дорад.
"Сатҳи пасти донистани забони русӣ ё набудани он дар байни фарзандони муҳоҷирон барои худи кӯдак фишор оварда, барои ҳамсинфон низ мушкилот эҷод мекунад",- тавзеҳ дод, Вячеслав Володин.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2023 дар мактабҳои Русия беш аз 200 ҳазор кӯдак таҳсил мекарданд, ки аксар вақт дар аз худ кардани барномаи таълимӣ ва муошират бо ҳамсолон ва омӯзгорон мушкилӣ мекашанд.
Қаблан раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Русия гуфта буд, ки давлат муваззаф аст кӯдакони муҳоҷирро, ҳатто агар онҳо ба далели омодагии нокифоя ба мактаб қабул накунанд, таълим диҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблани дар ҷаласаи шӯрои амният оид ба сиёсати давлатии муҳоҷират Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва президенти пешини Русия пешниҳод кардааст, ки қабули кӯдакони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳои Русия қатъ карда шавад.
Ба ақидаи Медведев сатҳи таълим дар мактабҳои Русия ба далели кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, поин меравад.
“...аз ин сатҳи умумии маориф осеб мебинад. Инро ҳама медонанд ва вақти он расидааст, ки ба ин ҳама хотима диҳем”, - гуфт Медведев.
Ӯ гуфтааст, лозим аст, ҳузури муҳоҷироне, ки барои амнияти кишвар таҳдид эҷод мекунанд, дар Русия пурра қатъ карда шавад.
“Муҳоҷирони дорои ихтисоси паст бояд танҳо барои давраи фаъолияти меҳнатӣ ба Русия ворид шаванд. Сиёсати муҳоҷирати Русия бояд ба манфиатҳои шаҳрвандони Русия ҷавобгӯ бошад, на манфиати давлатҳои хориҷӣ. Бояд “профили рақамии муҳоҷир" ба роҳ монда шавад, ки имкон медиҳад, шахсияти хориҷиён дар саросари кишвар муайян карда шавад”, - гуфт ӯ.
Дар моҳи сентябри соли 2024, нашрияи “Известия” хабар дод, ки Вазорати маориф ба мактабҳо ва кӯдакистонҳо тавсия додааст, ки дар синфҳо ва гурӯҳҳо на зиёда аз се кӯдаки муҳоҷиронро, ки забони русиро суст медонанд, қабул кунанд.