Порлумони Ӯзбакистон созишнома бо Тоҷикистон дар бораи равобити иттифоқиро тасвиб кард

© Foto / Пресс-служба Сената Олий МажлисаЗаседание Законодательной палаты Олий Мажлиса Узбекистана
Заседание Законодательной палаты Олий Мажлиса Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2024
Обуна шудан
Санади мазкур рӯзи 18 апрел дар Душанбе дар ҷараёни сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расида буд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Парлумони Узбекистон дар як ҷаласаи навбатӣ созишнома бо Тоҷикистон дар бораи равобити иттифоқиро ба тасвиб расонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Узбекистон хабар додааст.
"Парламент лоиҳаи қонун "Дар бораи тасвиби Шартномаи муносибатҳои иттифоқӣ байни Узбекистон ва Тоҷикистон"-ро баррасӣ ва қабул кард", - хабар додааст палатаи поёнии парлумони ин кишвар.
Қайд карда шудааст, ки санади мазкур барои тасдиқ ба палатаи болоии парлумон фиристода шудааст.
Ин созишнома рӯзи 18 апрел дар ҷараёни сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Ёдовар мешавем, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба беш аз 180 санадро ташкил медиҳад. Аз ҷумла созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ва созишнома дар бораи дӯстии абадӣ, инчунин эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ.
Грузовик на горной дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2024
Транзити молҳои Тоҷикистон тариқи Узбекистон соддатар мешавад
Мирзиёев дар соли 2016 баъд аз ба сари қудрат омадан дар Узбекистон, ба беҳтар намудани равобит бо кишварҳои ҳамсоя авлавият дод.
Аз ҷумла, бо Тоҷикистон муколама роҷеъ ба масоили марзӣ ва обу энержӣ аз сар гирифта шуда, рафтуомади ҳавоӣ миёни пойтахтҳои ду кишвар, ки соли 1992 қатъ шуда буд, аз сар гирифта шуд.
Моҳи марти соли 2018 президентҳо Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон созишнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи марзи Узбакистону Тоҷикистонро имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0