https://sputnik.tj/20240911/tranziti-molhoi-tojikiston-uzbekiston-soddatar-meshavad-1064294802.html
Транзити молҳои Тоҷикистон тариқи Узбекистон соддатар мешавад
Транзити молҳои Тоҷикистон тариқи Узбекистон соддатар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Транзити бор тавассути нақлиёти боркаш аз ҳудуди ду давлат бидуни варақаҳои муҷавиз сурат мегирад
2024-09-11T15:32+0500
2024-09-11T15:32+0500
2024-09-11T15:32+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
боркашонӣ
узбекистон
содда
транзит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0b/1064292841_88:10:667:336_1920x0_80_0_0_005e9ea356772a8bc034f6848c1a7dcf.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев қарор дар бораи тағйиру иловаҳо ба созишнома бо Тоҷикистон дар бораи соддагардонии транзити ҳамлу нақли бор тавассути қаламравҳои ду кишвар бидуни муҷаввизро, ба имзо расонд.Матни санади дахлдор, дар сомонаи пойгоҳи қонунгузории миллии ин кишвар нашр шудааст."Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Узбекистон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 9 марти соли 2018 ба имзо расида буд, тасдиқ карда шавад", — гуфта мешавад дар қарор.Протокол 18 апрели соли 2024 дар Душанбе дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон ба имзо расида буд.Тибқи протокол, убури транзити нақлиёти боркаш аз қаламрави ҳарду давлат бидуни муҷавиз ё иҷозатнома сурат мегирад.Шавкат Мирзиёев ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар дастур додааст, ки дар бораи иҷрои расмиёти дохилии давлатие, ки барои эътибор пайдо кардани ин созишномаи байналмилалӣ зарур буд, ба ҷониби Тоҷикистон огоҳинома ирсол намоянд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Душанбе миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Узаэронавигатсия" Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.Ҳуҷҷати ҳамкорӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия, табодули таҷриба ва таъмини бехатарии парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20240901/rahmon-mirziyoevro-ruzi-istiqloliyat-uzbekiston-tabrik-1064158903.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0b/1064292841_150:0:642:369_1920x0_80_0_0_c7698e99a9ff130d290e43a20917edf7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, транзит мол, узбекистон, содда, муҷавиз, боркашонӣ, нақлиёт
тоҷикистон, транзит мол, узбекистон, содда, муҷавиз, боркашонӣ, нақлиёт
Транзити молҳои Тоҷикистон тариқи Узбекистон соддатар мешавад
Транзити бор тавассути нақлиёти боркаш аз ҳудуди ду давлат бидуни варақаҳои муҷавиз сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев қарор дар бораи тағйиру иловаҳо ба созишнома бо Тоҷикистон дар бораи соддагардонии транзити ҳамлу нақли бор тавассути қаламравҳои ду кишвар бидуни муҷаввизро, ба имзо расонд.
Матни санади дахлдор, дар сомонаи пойгоҳи қонунгузории миллии ин кишвар нашр шудааст.
"Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Узбекистон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 9 марти соли 2018 ба имзо расида буд, тасдиқ карда шавад", — гуфта мешавад дар қарор.
Протокол 18 апрели соли 2024 дар Душанбе дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон ба имзо расида буд.
Тибқи протокол, убури транзити нақлиёти боркаш аз қаламрави ҳарду давлат бидуни муҷавиз ё иҷозатнома сурат мегирад.
Шавкат Мирзиёев ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар дастур додааст, ки дар бораи иҷрои расмиёти дохилии давлатие, ки барои эътибор пайдо кардани ин созишномаи байналмилалӣ зарур буд, ба ҷониби Тоҷикистон огоҳинома ирсол намоянд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Душанбе миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Узаэронавигатсия" Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳуҷҷати ҳамкорӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия, табодули таҷриба ва таъмини бехатарии парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.