https://sputnik.tj/20241126/igor-cherevchenko-tamomi-hasti-sharja-bozi-khohem-kard-1065272489.html
Игор Черевченко: Бо тамоми ҳастӣ бо дастаи “Шарҷа” бозӣ хоҳем кард
Игор Черевченко: Бо тамоми ҳастӣ бо дастаи “Шарҷа” бозӣ хоҳем кард
Sputnik Тоҷикистон
Сармураббии тими “Истиқлол” игор Черевченко дар нишасти матбуотӣ пеш аз бозии бо дастаи “Шарҷа” интизориои худро шарҳ дод
2024-11-26T14:29+0500
2024-11-26T14:29+0500
2024-11-26T14:29+0500
дар тоҷикистон
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
истиқлол
игор черевченко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1a/1065272310_0:55:1280:775_1920x0_80_0_0_942b4166a352b7e9785437600dc2dd40.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври панҷуми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC бо тими "Шарҷа"-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рақобат мекунад.Пеш аз бозӣ сармурабии дастаи “Истиҷлол” Игор Черевченко гуфт, ки бо вуҷуди мавқее, ки дар ҷадвали мусобиқот дорем, бо тамоми ҳастӣ бозӣ хоҳем кард.Дар ҳамин ҳол Шервони Мабатшоев ҳамлагари тими “Истиқлол” қайд кард, ки новобаста, аз он ки, дастаи “Истиқлол” шонси баромадан ба даври минбаъдаро аз даст дод, талош хоҳем кард то се имтиёз ба даст орем.Ин бозии гурӯҳи “С” шаби сешанбеи 26-уми ноябр дар варзишгоҳи шаҳри Шарҷа соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.Дастаи “Истиқлол”, ки нимаи дуюми рӯзи 24-уми ноябр ба Шарҷа расид, шоми якшанбе аввалин тамринашро дар доираи омодагӣ ба бозӣ муқобили “Шарҷа” анҷом дод.Қаблан “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 дар майдони худ аз тими “Шарҷа” бо ҳисоби 0:1, дар даври дуюми мусобиқот дар варзишгоҳи "Фулодшаҳр"-и Исфаҳон аз тими "Сипоҳон" бо ҳисоби 0:4, дар даврҳои сеюму чаҳорум аз тими “Ал-Ваҳдат” дар Душанбе ва Уммон бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрда буд.“Истиқлол” зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко, ки дар ду бозии охир бо “Ал-Ваҳдат” аз шаш имтиёз бенасиб монд, шонси ба даври баъдӣ баромаданро комилан аз даст дод.
https://sputnik.tj/20240827/sitoraho-futbol-shou-biznes-megafon-football-day-omodagi-1064086897.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1a/1065272310_0:40:1280:1001_1920x0_80_0_0_dd3a52938b6a2642771211f46fe7b99f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, футбол, варзиш, истиқлол, шарҷа, бозӣ, черевченко
тоҷикистон, футбол, варзиш, истиқлол, шарҷа, бозӣ, черевченко
Игор Черевченко: Бо тамоми ҳастӣ бо дастаи “Шарҷа” бозӣ хоҳем кард
Сармураббии тими “Истиқлол” игор Черевченко дар нишасти матбуотӣ пеш аз бозии бо дастаи “Шарҷа” интизориои худро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври панҷуми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC бо тими "Шарҷа"-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рақобат мекунад.
Пеш аз бозӣ сармурабии дастаи “Истиҷлол” Игор Черевченко гуфт, ки бо вуҷуди мавқее, ки дар ҷадвали мусобиқот дорем, бо тамоми ҳастӣ бозӣ хоҳем кард.
“Бешубҳа, мубориза ҷолиб хоҳад буд, ва мо хушбин ҳастем. Футбол барои мухлисон вуҷуд дорад, ва мо вазифадор ҳастем, ки онҳоро бо бозии хуб ва зебо шод гардонем”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол Шервони Мабатшоев ҳамлагари тими “Истиқлол” қайд кард, ки новобаста, аз он ки, дастаи “Истиқлол” шонси баромадан ба даври минбаъдаро аз даст дод, талош хоҳем кард то се имтиёз ба даст орем.
“Ман ва ҳамдастагонам ба ин бозӣ омодаем ва умедворам, ки бахт ҳамрадифи мо хоҳад буд”, - гуфт ҳамлагари тими “Истиқлол”.
Ин бозии гурӯҳи “С” шаби сешанбеи 26-уми ноябр дар варзишгоҳи шаҳри Шарҷа соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Дастаи “Истиқлол”, ки нимаи дуюми рӯзи 24-уми ноябр ба Шарҷа расид, шоми якшанбе аввалин тамринашро дар доираи омодагӣ ба бозӣ муқобили “Шарҷа” анҷом дод.
Қаблан “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 дар майдони худ аз тими “Шарҷа” бо ҳисоби 0:1, дар даври дуюми мусобиқот дар варзишгоҳи "Фулодшаҳр"-и Исфаҳон аз тими "Сипоҳон" бо ҳисоби 0:4, дар даврҳои сеюму чаҳорум аз тими “Ал-Ваҳдат” дар Душанбе ва Уммон бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрда буд.
“Истиқлол” зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко, ки дар ду бозии охир бо “Ал-Ваҳдат” аз шаш имтиёз бенасиб монд, шонси ба даври баъдӣ баромаданро комилан аз даст дод.