Ситораҳои футбол ва шоу-бизнес ба "Мегафон Football Day" омодагӣ мебинанд

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаБывший полузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов
Бывший полузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2024
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Варзишгароне, ки футболи точикро шухратманд гардонданд, боз ба майдон баромада, маҳорати баланди худро нишон медиҳанд
Дар арафаи “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо”, ки рӯзи якшанбе, 1 сентябр дар Майдони марказии Душанбе баргузор мегардад, иштирокчиёни бозӣ мунтазам тамринҳо мегузаронанд.
Дар як даста собиқ бозингарони мунтахаби миллӣ ва дар дастаи дигар ситораҳои шоу-бизнес ва Instagram*.
Ҳаяҷону изтироб шиддат меёбад, зеро ба наздикӣ онҳо дар пеши садҳо мухлисон вориди майдон мешаванд!
Дар майдони тамрини мунтахаби миллӣ омодагиҳо бомаром ҷараён доранд. Варзишгароне, ки футболи тоҷикро шуҳратманд гардониданд, боғайратона боз ба майдон мебароянд.
“Мо нисбати рақибон эҳтиром дорем, аммо дар бозӣ ҳама маҳорати худро пурра нишон медиҳанд. Ин на танҳо бозӣ аст – ин имконияти бори дигар эҳсос кардани руҳияи даставӣ мебошад, ки моро муттаҳид кард”, - мегӯяд собиқ нимҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов.
“Мо дар назди мухлисон масъулияти баланд дорем. Онҳо ин бозиро интизоранд ва мо бояд тамоми қобилияту маҳорати худро нишон диҳем. На танҳо ғолиб омадан, балки нишон додани бозии ҷолибу зебо низ муҳим аст”, - иброз медорад собиқ нимҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Дилшод Восиев.
Дар тарафи муқобили майдон ситораҳои шоу-бизнес бо шавқу ҳавас усулҳои футболро аз худ мекунанд.
“Футбол – ин дунёи дигар аст, вале мо ба бозӣ омодаем! – мегӯяд блогер Baron. – Мо таҷрибаи кофӣ надошта бошем ҳам, аммо дастгирии мухлисон ба мо нерӯ мебахшад”.
Ҳадафи мо – исботи он аст, ки мо бо футболбозони ҳирфаӣ рақобат карда метавонем ва ҳамзамон аз бозӣ ҳаловат мебарем. Ба бозӣ тайёрем ва омодаем, ки ҳамаро бо бозии худ дар ҳайрат гузорем!”, - қайд мекунад сароянда Фаррух Ҳасанов.
“Барои мо ин бозӣ – имконияти нишон додани худ аз тарафи дигар аст. Мо ба саҳна одат кардаем, аммо имрӯз саҳна - майдони футбол аст. Кӯшиш мекунем, то мухлисон бо мо ифтихор кунанд!” – илова мекунад дидҷей Emre Jan.
Тамринҳо идома доранд. Мухлисон танҳо тахмин карда метавонанд, ки дар ин бозии ҷолибу беназир кӣ пирӯз мешавад. То дидор дар “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо”!
Шарики кулли иттилоотии “МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо” – АМИТ “Ховар”.
Шарики расмии иттилоотӣ– Pressa.tj.
Шарикони иттилоотӣ: ТВ-Тоҷикистон, ТВ-Ҷаҳоннамо, Love Radio TJ, Sputnik Тоҷикистон.
* Meta Corporation (соҳиби Facebook, Instagram) дар Русия экстремистӣ эътироф ва мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0