ВАО: Намояндаи вижаи ИМА Исроилро таҳдид кардаас, ки ба оташбас бо Лубнон розӣ шавад

© AP / Bilal HusseinПоследствия ударов Израиля по Ливану
Последствия ударов Израиля по Ливану   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2024
Обуна шудан
Санади оташбас ба гузориши расонаҳо бояд аз ҷониби кобинаи вазирони Исроил тасдиқ шавад ва созишнома метавонад дар давоми чанд рӯз эълон шавад
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Агар мақомоти Исроил дар рӯзҳои наздик аз созиши оташбас бо Лубнон пуштибонӣ накунанд, ИМА миёнарав будан дар музокиротро қатъ мекунад,
Дар ин бора намояндаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна Амос Хокштейн рӯзи шанбе ба сафири Исроил дар Вашингтон Йехиел Лайтер гуфт, хабар медиҳад, рӯзноманигори Axios Барак Равид бо истинод ба манбаъҳояш.
"Мушовири аршади президенти ИМА Ҷо Байден Амос Хокштейн рӯзи шанбе ба сафири Исроил дар Вашингтон гуфт, ки агар Исроил дар рӯзҳои наздик ба созиши пешниҳодшудаи оташбас бо Лубнон посухи мусбат надиҳад, вай аз талошҳои миёнаравӣ даст хоҳад кашид",- гуфт Равид дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо X.
Рӯзноманигор бо истинод ба як мақоми баландпояи исроилӣ, ки аз он ном бурда намешавад, афзуд, ки Исроил ба қабули созиши оташбас бо Лубнон "наздик" мешавад.
Мақомоти ИМА, ки аз онҳо ном бурда намешавад, таъйид карданд, ки ҷонибҳо ба қабули созишнома наздиканд, аммо дар сари он ҳанӯз "корҳои зиёде" вуҷуд дорад.
Ҳафтаи гузашта фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико дар Ховари Миёна Амос Хокштейн бо як сафари расмӣ вориди Бейрут шуд, то мавқеъи Лубнон ва ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ"-ро дар мавриди нуктаҳои созиши пешниҳодкардаи ҷониби Амрико дар бораи оташбас бо Исроил бишнавад.
Пожар, вызванный возгоранием дизельного бака, на парковке в жилом районе Бейрута, Ливан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2024
Лубнон зери бомбҳои Исроил: Ҳузнагезтарин аксҳо
Хокштейн рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки дар музокирот бо раиси парлумони Лубнон Набиҳ Беррӣ баъзе пешрафтҳо ба даст оварда шудаанд. Хокштейн баъди сафари Бейрут дар Тел-Авив гуфтушунид кард.
Наим Қосим, ​​дабири кулли "Ҳизбуллоҳ" рӯзи 20 ноябр гуфт, ки ҷунбиш розӣ аст, ки музокироти ғайримустақими оташбасро бо Исроил бар асоси пешниҳоди Амрико ва бо миёнҷигарии раиси порлумони Лубнон Набиҳ Беррӣ, ба шарти қатъи амалиёти ҷангӣ аз ҷониби артиши Исроил ва нигоҳдории сохибихтиёрии Лубнон ва бидуни дастрасии он ба фазои ҳавоиву хушкӣ.
Қосим ҳамчунин тасмими муқовимат ба идомаи мубориза алайҳи артиши Исроил дар баробари музокироти идомаи оташбасро қайд кард.
Лентаи хабарҳо
0