https://sputnik.tj/20241125/tarhi-taqviyati-marzi-tojikiston-afghoniston-tasvib-1065257219.html
СПАД: Тарҳи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тасвиб мешавад
СПАД: Тарҳи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тасвиб мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ эълом кард, ки ба далели нигарониҳои амниятӣ аз Афғонистон, тарҳи тақвияти марзи Тоҷикистон бо ин кишвар тасвиб мешавад
2024-11-25T13:12+0500
2024-11-25T13:12+0500
2024-11-25T13:29+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
марз
тақвият
спад
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/13/1060032562_0:240:2560:1680_1920x0_80_0_0_717dc564dd1aacb1d570316d41315644.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Имангали Тасмагамбетов дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) эълом кард, ки ба далели таҳдидоти амниятӣ аз Афғонистон тарҳи тақвияти марзи Тоҷикистон бо ин кишвари 28 ноябр тасвиб хоҳад шуд.Ӯ вазъи кунунии Афғонистонро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронии ҷаддӣ унвон кард.Вай гуфт, ки ин тарҳ метавонад ба таври ҷамъии амнияти ин кишварҳоро таъмин кунад.Чанде пеш, хабаргузории ТАСС гузориш дод. ки Сергей Лебедев , дабири кулли ИДМ эълом кардааст, ки Кумитаи иҷроияи ин Созмон аз пешниҳоди СПАД барои эҷоди гурӯҳи кории муштарак барои эҷоди тарҳи камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон ҳимоят карданд.“Дар мавриди мавзуи Афғонистон, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, Комитаи иҷроияи кишварҳои ИДМ комилан аз пешниҳоди дабирхона барои эҷоди як гурӯҳи кории муштарак аз намояндагон ба манзури тавсеаи як тарҳи ҷомеъи муштарак ҳимоят кардааст”,- гуфта буд ӯ.Оқои Лебедев изҳори умедворӣ кард, ки ин кор ба хунсо кардани вазъияти ин минтақа ва кантроли созмонҳои террористии байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу муҳоҷират ғайриқонунӣ аст, кумак кунад.Мафҳуми камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистони тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишаст вижаи СПАД дар моҳи январи соли 2022 эълом шуд.Баъдан як гуруҳи корӣ дар мавриди Афғонистон ташкил шуд ки ба шӯрои вазирони хориҷаи СПАД посух медиҳад ва намояндагони ниҳодҳои вобаста ба Созмони милал, СПАД, кишварҳои ИДМ ва сифорати Афғонистон дар Тоҷикистон дар он ҳузур доранд.
https://sputnik.tj/20240918/spad-barnoma-tahkim-marzi-tojikiston-afghoniston-1064378788.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/13/1060032562_1:0:2560:1919_1920x0_80_0_0_898b453b6595bb7919f08511c09b2c90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, марз, амният, спад, идм, тақвият
тоҷикистон, афғонистон, марз, амният, спад, идм, тақвият
СПАД: Тарҳи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тасвиб мешавад
13:12 25.11.2024 (Навсозишуда: 13:29 25.11.2024) Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ эълом кард, ки ба далели нигарониҳои амниятӣ аз Афғонистон, тарҳи тақвияти марзи Тоҷикистон бо ин кишвар тасвиб мешавад
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Имангали Тасмагамбетов дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) эълом кард, ки ба далели таҳдидоти амниятӣ аз Афғонистон тарҳи тақвияти марзи Тоҷикистон бо ин кишвари 28 ноябр тасвиб хоҳад шуд.
Ӯ вазъи кунунии Афғонистонро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронии ҷаддӣ унвон кард.
Вай гуфт, ки ин тарҳ метавонад ба таври ҷамъии амнияти ин кишварҳоро таъмин кунад.
Чанде пеш, хабаргузории ТАСС гузориш дод. ки Сергей Лебедев , дабири кулли ИДМ эълом кардааст, ки Кумитаи иҷроияи ин Созмон аз пешниҳоди СПАД барои эҷоди гурӯҳи кории муштарак барои эҷоди тарҳи камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон ҳимоят карданд.
“Дар мавриди мавзуи Афғонистон, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, Комитаи иҷроияи кишварҳои ИДМ комилан аз пешниҳоди дабирхона барои эҷоди як гурӯҳи кории муштарак аз намояндагон ба манзури тавсеаи як тарҳи ҷомеъи муштарак ҳимоят кардааст”,- гуфта буд ӯ.
Оқои Лебедев изҳори умедворӣ кард, ки ин кор ба хунсо кардани вазъияти ин минтақа ва кантроли созмонҳои террористии байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу муҳоҷират ғайриқонунӣ аст, кумак кунад.
Мафҳуми камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистони тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишаст вижаи СПАД дар моҳи январи соли 2022 эълом шуд.
Баъдан як гуруҳи корӣ дар мавриди Афғонистон ташкил шуд ки ба шӯрои вазирони хориҷаи СПАД посух медиҳад ва намояндагони ниҳодҳои вобаста ба Созмони милал, СПАД, кишварҳои ИДМ ва сифорати Афғонистон дар Тоҷикистон дар он ҳузур доранд.