https://sputnik.tj/20240918/spad-barnoma-tahkim-marzi-tojikiston-afghoniston-1064378788.html
СПАД: барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳамин сол қабул мешавад
СПАД: барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳамин сол қабул мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Барномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2024 қабул мешавад
2024-09-18T15:49+0500
2024-09-18T15:49+0500
2024-09-18T15:57+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
таҳким
марз
спад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:36:1600:936_1920x0_80_0_0_ce2bb918df37ceb06ebf5fd12ea987ed.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Барномаи ҳадафноки байнидавлатии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон то охири соли 2024 қабул мешавад.Дар ин бора Имангалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД дар мусоҳиба бо нашрияи ҷамъиятию сиёсии "Иттиҳодҳо. СПАД" хабар дод.Ба гуфтаи вай, ба СПАД баҳсҳои ошкоро ва софдилона бар тамоми масъалаҳои мубрами имрӯза бидуни истисно дар шеваи созанда ва “нарм” ва қабули қарорҳо бо риояи принсипи консенсус сурат мегирад ва тасмимҳо маҳз дар чаҳорчуби якдигарфаҳмӣ гирифта мешаванд”, - гуфт ӯ“Мо танҳо ба таври муттаҳид амал мекунем", таъкид кард дабири кулли СПАД.Ёдовар мешавем,ки чанде пеш Виктор Василев, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СПАД гуфта буд, ки Ҳама кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ мекунанд."Ин тасмим аз ҷониби ҳамаи давлатҳои СПАД дастгирӣ ёфт, яъне Арманистон ба қабули ин барнома мухолиф нест, аммо онро имзо накардааст, аз ин рӯ, дар ин марҳила иштирок намекунад", - гуфт намояндаи доимии Русия.Василев тавзеҳ дод, ки ҳар як давлат худаш муайян хоҳад кард, ки чӣ гуна ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак кунад - бо мутахассисон, таҷҳизот ва омӯзиш.Вай ёдовар шуд, ки тасмими аввал дар ин бора ҳанӯз соли 2013 гирифта шуда буд.Худи барнома аз се марҳила иборат буда, марҳилаи аввал барои 5 сол пешбинӣ шудааст.Дар ҳамин ҳол, вай илова кард, ки кишварҳои узви СПАД дар ҳамкорӣ бо Кобул ҳадафи бунёди деворро надоранд."Мо набояд миёни кишварҳои узви СПАД ва Афғонистон як девор бунёд кунем. Бояд гуфтугӯ бошад, ки ҷониби Русия ва дигар шариконаш барои он талош доранд ба ҳамин хотир ба хотири пешгирӣ аз ташдиди вазъ дар сарҳад бо мақомоти феълии Афғонистон музокира дорем”, - хулоса кард Василев.
https://sputnik.tj/20240715/spad-barnomai-tahkimi-marzi-tojikiston-afghonistonro-jonibdori-1063530506.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:0:1248:936_1920x0_80_0_0_4c1aabdcc9216610cdaad6371feddbb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, спад, амният, барнома, таҳким марз, афғонистон
тоҷикистон, спад, амният, барнома, таҳким марз, афғонистон
СПАД: барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳамин сол қабул мешавад
15:49 18.09.2024 (Навсозишуда: 15:57 18.09.2024) Барномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2024 қабул мешавад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Барномаи ҳадафноки байнидавлатии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон то охири соли 2024 қабул мешавад.
Дар ин бора Имангалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД дар мусоҳиба бо нашрияи ҷамъиятию сиёсии "Иттиҳодҳо. СПАД" хабар дод.
"Барои таҳия ва татбиқи тадбирҳои мушаххасе, ки метавонанд фазои амниятии моро таҳким бахшанд, кори пайваста идома дорад, барои мисол равшантарин Барномаи байнидавлатии СПАД дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон мебошад, ки соли равон қабул карда мешавад”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ба СПАД баҳсҳои ошкоро ва софдилона бар тамоми масъалаҳои мубрами имрӯза бидуни истисно дар шеваи созанда ва “нарм” ва қабули қарорҳо бо риояи принсипи консенсус сурат мегирад ва тасмимҳо маҳз дар чаҳорчуби якдигарфаҳмӣ гирифта мешаванд”, - гуфт ӯ
“Мо танҳо ба таври муттаҳид амал мекунем", таъкид кард дабири кулли СПАД.
Ёдовар мешавем,ки чанде пеш Виктор Василев, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СПАД гуфта буд, ки Ҳама кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ мекунанд.
"Ин тасмим аз ҷониби ҳамаи давлатҳои СПАД дастгирӣ ёфт, яъне Арманистон ба қабули ин барнома мухолиф нест, аммо онро имзо накардааст, аз ин рӯ, дар ин марҳила иштирок намекунад", - гуфт намояндаи доимии Русия.
Василев тавзеҳ дод, ки ҳар як давлат худаш муайян хоҳад кард, ки чӣ гуна ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак кунад - бо мутахассисон, таҷҳизот ва омӯзиш.
Вай ёдовар шуд, ки тасмими аввал дар ин бора ҳанӯз соли 2013 гирифта шуда буд.
Худи барнома аз се марҳила иборат буда, марҳилаи аввал барои 5 сол пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, вай илова кард, ки кишварҳои узви СПАД дар ҳамкорӣ бо Кобул ҳадафи бунёди деворро надоранд.
"Мо набояд миёни кишварҳои узви СПАД ва Афғонистон як девор бунёд кунем. Бояд гуфтугӯ бошад, ки ҷониби Русия ва дигар шариконаш барои он талош доранд ба ҳамин хотир ба хотири пешгирӣ аз ташдиди вазъ дар сарҳад бо мақомоти феълии Афғонистон музокира дорем”, - хулоса кард Василев.