Путин Раҳмонро барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар Маскав даъват кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон перед началом неформального саммита руководителей государств - участников Содружества Независимых Государств (СНГ) в Санкт-Петербурге.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон перед началом неформального саммита руководителей государств - участников Содружества Независимых Государств (СНГ) в Санкт-Петербурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2024
Обуна шудан
Дипломат ҳамзамон гуфт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон раисии ИДМ-ро ба уҳда дорад ва масъала таҷлили Рӯзи Ғалаба дар сатҳи баланд баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард.
Гуфта мешавад, ки таҷлил аз Рӯзи Ғаба 9 майи соли 2025 дар Майдони Сурх ба ифтихори 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад.
"Ҳамин дар рӯзҳои гузашта мо ба президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъватномаи президенти Русия Владимир Путинро оид ба иштирок дар чорабиниҳои Майдони Сурх дар таърихи 9 майи соли 2025 расонидем", - гуфт дипломат ба ТАСС.
Вай ҳамзамон гуфт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон раисии ИДМ-ро ба уҳда дорад.
"Фикр мекунам, ки мавзӯи 80-умин солгарди Ғалаба дар сатҳи баланд баррасӣ мешавад", - гуфт дипломат.
Презентация логотипа 80-летия Победы в Великой Отечественной войне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2024
Дар Маскав рамзи 80-солагии Рӯзи Ғалабаро муаррифӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки 19 ноябр рамзи 80-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ гардид
Дар рамз муҷассамаи "Моми мейҳан фаромехонад!", ки ба қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград бахшида шудааст, лентаи Георгий, инчунин калимаи "Ғалаба" ва рақами "80" тасвир ёфтааст.
Рамзи таҷлили 80-умин солгарди Ғалабаро Ҳунарпешаи мардумии Русия Владимир Машков муаррифӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0