Дар Маскав рамзи 80-солагии Рӯзи Ғалабаро муаррифӣ карданд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезентация логотипа 80-летия Победы в Великой Отечественной войне
Презентация логотипа 80-летия Победы в Великой Отечественной войне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2024
Обуна шудан
Рӯзи 19 ноябр рамзи 80-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар Осорхонаи Ғалаба дар теппаи Поклонная рамзи 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ шуд, хабар медиҳад хабарнигори РИА Новости.
Дар рамз муҷассамаи "Моми мейҳан фаромехонад!", ки ба кахрамонони муҳорибаи Сталинград бахшида шудааст, лентаи Георгий, инчунин калимаи "Ғалаба" ва раками "80" тасвир ёфтааст.
Рамзи таҷлили 80-умин солгарди Ғалабаро Ҳунарпешаи мардумии Русия Владимир Машков муаррифӣ кард.
© Foto / Кремль. НовостиОфициальный логотип празднования 80-летия Победы в Великой Отечественной войне
Официальный логотип празднования 80-летия Победы в Великой Отечественной войне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2024
“Барои ҳамаи мо симои "Ватан", ки писарону духтарони худро ба муборизаи зидди душман даъват мекунад, аз хурдӣ шинос аст. Ин шакл, албатта одамонро бо дину мазҳаби гуногун ва миллатҳоро муттахид менамояд. Ҳар кас дарк мекунад, ки он чизи ба худ хосе дорад: ифтихори он, хотираи он, шукронаи он ва Ғалабаи мо рамзи 80-солагии Ғалабаи мо гардид", — гуфт у.
Торжественная церемония, посвященная Сталинградской битве, в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2024
Коршинос: Диду назари Тоҷикистон нисбати Ҷанги Бузурги Ватанӣ тағйир наёфтааст
Қаблан, моҳи сентябри соли 2023 президенти Русия Владимир Путин даъват карда буд, ки 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ равшан, ботантана ва бо мазмуни амиқ таҷлил карда шавад.
Соли 2025 9 май 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил мешавад. Мохи январи соли 1945 артиши сурхи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Берлин ҳуҷум кард. Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ 9 май дар соати 00:43 ба вақти Маскав сарфармондеҳон ба санади капитулятсияи Олмон имзо гузоштанд, ки Ҷанги Бузурги Ватаниро ба охир расонд.
Лентаи хабарҳо
0