https://sputnik.tj/20241123/medvedev-shart-hal-nizo-ukraina-1065240130.html
Медведев шарти ҳалли низоъ дар Украинаро гуфт
Медведев шарти ҳалли низоъ дар Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Тасмими Ғарб дар бораи иҷоза ба Киев барои зарба ба умқи Русия бо мушакҳои дурпарвоз, танҳо музокироти эҳтимолиро, ки ҳанӯз хеле дур аст, ба таъхир меандозад
2024-11-23T12:57+0500
2024-11-23T12:57+0500
2024-11-23T13:04+0500
дар русия
дмитрий медведев
амалиёти вижа
ғарб
нато
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/16/1061801523_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_d907c5f1b1844c60f8a02cb588db5d59.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Низоъ дар Украина метавонад "бе хароҷоти нав барои башарият" хотима ёбад, агар НАТО "ба оташ равған реханро бас кунад".Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” баён дошт.Вай афзуд, ки тасмими Ғарб дар бораи иҷоза ба Киев барои зарба ба умқи Русия бо мушакҳои дурпарвоз, танҳо музокироти эҳтимолиро, ки ҳанӯз хеле дур аст, ба таъхир меандозад. Ӯ афзуд, ки пас аз истифодаи мушакҳои дурпарвоз дар қаламрави Русия кишварҳои НАТО ба ҷанги комил ҳамроҳ шуданд. Дар ҳамин ҳол бо ёдоварӣ мушаки русии "Орешник", ки ҳангоми ҳамла ба Украина озмуда шуд, Медведев гуфт, ки он ҷараёни амалиёти низомиро тағйир медиҳад."Мушаки баллистикии "Орешник"-и мо ҷараёни амалиётро дар Украина тағйир медиҳад", - гуфт вай.Ба суоли имкони қатъи муноқишаҳо аз ҷониби Трамп, Медведев гуфт, ки вай тамоми имкони қатъи муноқиша дар Украинаро дорад, аммо Байден ба ӯ "мероси душвор" мегузорад. Аммо ӯ тахмин мезанад, ки Трамп пас аз ба қудрат расиданаш аз эҳтимол дур нест, таҳримҳои зидди Русияро лағв кунад.
https://sputnik.tj/20241122/putin-ima-tamomi-jahon-munoqishai-jahoni-video-1065228035.html
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/16/1061801523_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_0f40afa13ad03075e7f0f8596801da7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медведев шарт ҳал низоъ украина
медведев шарт ҳал низоъ украина
Медведев шарти ҳалли низоъ дар Украинаро гуфт
12:57 23.11.2024 (Навсозишуда: 13:04 23.11.2024) Тасмими Ғарб дар бораи иҷоза ба Киев барои зарба ба умқи Русия бо мушакҳои дурпарвоз, танҳо музокироти эҳтимолиро, ки ҳанӯз хеле дур аст, ба таъхир меандозад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Низоъ дар Украина метавонад "бе хароҷоти нав барои башарият" хотима ёбад, агар НАТО "ба оташ равған реханро бас кунад".
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” баён дошт.
“Агар паймони НАТО дар заминаҳои воқеӣ қарор бигирад, агар онҳо оташи ҷангро дар Украина пуф накунанд, ин низоъ метавонад бидуни хароҷоти башарият хотима ёбад",- гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки тасмими Ғарб дар бораи иҷоза ба Киев барои зарба ба умқи Русия бо мушакҳои дурпарвоз, танҳо музокироти эҳтимолиро, ки ҳанӯз хеле дур аст, ба таъхир меандозад.
Ӯ афзуд, ки пас аз истифодаи мушакҳои дурпарвоз дар қаламрави Русия кишварҳои НАТО ба ҷанги комил ҳамроҳ шуданд.
Дар ҳамин ҳол бо ёдоварӣ мушаки русии "Орешник", ки ҳангоми ҳамла ба Украина озмуда шуд, Медведев гуфт, ки он ҷараёни амалиёти низомиро тағйир медиҳад.
"Мушаки баллистикии "Орешник"-и мо ҷараёни амалиётро дар Украина тағйир медиҳад", - гуфт вай.
Ба суоли имкони қатъи муноқишаҳо аз ҷониби Трамп, Медведев гуфт, ки вай тамоми имкони қатъи муноқиша дар Украинаро дорад, аммо Байден ба ӯ "мероси душвор" мегузорад.
Аммо ӯ тахмин мезанад, ки Трамп пас аз ба қудрат расиданаш аз эҳтимол дур нест, таҳримҳои зидди Русияро лағв кунад.