https://sputnik.tj/20241122/sel-sangrezi-roh-darvoz-bast-1065224330.html
Селу сангрезӣ роҳи Душанбе-Хоруғро баст
Селу сангрезӣ роҳи Душанбе-Хоруғро баст
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, бар асари боришоти шадиди борон дар роҳи Дарвоз сел ва сангрезӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа масир барои ҳаракати мошинҳо номумкин гардид
2024-11-22T11:51+0500
2024-11-22T11:51+0500
2024-11-22T11:51+0500
дар тоҷикистон
дарвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031973676_0:107:1000:670_1920x0_80_0_0_40504388a10c2ea8d8fe149ec3a3175d.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Роҳи Душанбе-Хоруғ феълан баста аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, ин роҳ аз бегоҳи рӯзи 21 ноябр то саҳари 22 ноябр бинобар омадани сел ва рух додани сангрезӣ баста аст.Манбаъ афзуд, ки соати 19:47 дақиқаи ин руз дар километри 356-уми роҳ дар ҳудуди деҳаи Мадраси ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб бар асари сангрезӣ ин қитъаи роҳ низ масдуд шуд.КҲФ афзуд, ки барои рафъи вазъияти ба амаломада идораи роҳсозии ноҳия техникаи махсус ҷудо намудааст ва алъон корҳо барои тоза кардани қитъаҳои роҳ идома доранд. Кумита тавзеҳ дод, ки бар асари омадани сел ва сангрезӣ талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашуд.Ёдовар мешавем, ин ниҳод қаблан хабар дода буд, ки хавфи омадани сел, фаромадани тарма ва сангрезӣ то 24 ноябр мавҷуд аст.
https://sputnik.tj/20241121/vanj-se-mard-zeri-tarma-mond-1065210418.html
дарвоз
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031973676_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_5f2efac68cf6a42bbe1e75952076ef0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел сангрезӣ роҳ душанбе-хоруғ баст
сел сангрезӣ роҳ душанбе-хоруғ баст
Селу сангрезӣ роҳи Душанбе-Хоруғро баст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, бар асари боришоти шадиди борон дар роҳи Дарвоз сел ва сангрезӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа масир барои ҳаракати мошинҳо номумкин гардид
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Роҳи Душанбе-Хоруғ феълан баста аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин роҳ аз бегоҳи рӯзи 21 ноябр то саҳари 22 ноябр бинобар омадани сел ва рух додани сангрезӣ баста аст.
"Соати 18:47 дақиқаи рӯзи 21 ноябр дар километри 352, ки аз ҳудуди деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб мегузарад, гилолуду лой ин қитъаи роҳро баста, ҳаракати мошинҳоро баст", - омадааст дар хабари Кумита.
Манбаъ афзуд, ки соати 19:47 дақиқаи ин руз дар километри 356-уми роҳ дар ҳудуди деҳаи Мадраси ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб бар асари сангрезӣ ин қитъаи роҳ низ масдуд шуд.
КҲФ афзуд, ки барои рафъи вазъияти ба амаломада идораи роҳсозии ноҳия техникаи махсус ҷудо намудааст ва алъон корҳо барои тоза кардани қитъаҳои роҳ идома доранд.
Кумита тавзеҳ дод, ки бар асари омадани сел ва сангрезӣ талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашуд.
Ёдовар мешавем, ин ниҳод қаблан хабар дода буд, ки хавфи омадани сел, фаромадани тарма ва сангрезӣ то 24 ноябр мавҷуд аст.