КҲФ: Дар рӯзҳои сарди боронӣ эҳтиёткор бошед

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкДевушка поз зонтом в осеннем парке
Девушка поз зонтом в осеннем парке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2024
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳуҳдор додааст 6-7 ноябр бар асари вуруди сардиҳо аз шимолу ғарб ҳарорати ҳаво тағйир меёбад
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ки 6-7 ноябр бар асари вуруди сардиҳо аз шимолу ғарб ҳарорати ҳаво тағйир меёбад ва эҳтимоли боридани боронҳои шадид вуҷуд дорад.
КҲФ-и Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишварро огоҳ намудааст, ки дар ин рӯзҳои сарди боронӣ эҳтиёткор бошанд.
“Дар ин рӯзҳо эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигар зиёд аст”, - қайд кардааст КҲФ.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ дар ҳолати тоза накардани ҷӯйбору заҳбурҳо эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз селобҳо вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ Кумита пайваста аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҷӯйборҳои назди ҳавлию хонаҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу партов тоза намоянд.
Спасатели КЧС Таджикистана в Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2024
КҲФ Тоҷикистон як воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандаҳоро омода мекунад
КҲФ таъкид кардааст, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо гардид, аз ин рӯ, сокинон ҳангоми дар берун будан бояд қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
Ҳамчунин ин ниҳод ҳушдор додааст, ки эҳтиёткор бошанд.
Вале КҲФ қайд кардааст, ки новобаста аз огоҳии масъулин дар ин гуна рӯзҳои сард ва барфу борон ҳодисаҳои нохуш ба амал меоянд, ки ин аз беэътиноии сокинон дарак медиҳад.
Масалан, дар нуҳ моҳи соли равон аз шумораи умумии 603 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ 48 ҳолаташ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ва аҳолӣ зарар расонидааст.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ фаромадани тарма – 2,1%, бориши борон ва омадани сел – 87,5%, баландшавии ҳарорати ҳаво ва омадани сел-2,1%, фаромадани ярч – 2,1 % ва раъду барқ – 6,2 %-ро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0