Низоми пардохти ғйринақдии барқ дар Хуҷанд аз кор монд: Нигаронии аҳоливу посухи масъулин

© SputnikОчередь в Амонатбанке в день запуска национальной системы переводов
Очередь в Амонатбанке в день запуска национальной системы переводов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2024
Обуна шудан
Низоми пардохти электронӣ барои пардохти пули барқ дар шаҳри Хуҷанд як ҳафта аст, ки кор намекунад, сокинон аз ин ҳолат нигаронанд
ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Идораи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд оғози ҳар моҳ дар бораи ҳаҷми масрафи барқ ва пардохти маблағи он ба муштариён паём (смс) дода, ҳамчунин огоҳ мекард, ки дар сурати то санаи 17 ум (ҳар моҳ) пардохт нашудани маблағ барқ қатъ карда мешавад.
Беш аз як ҳафта аст, ки низоми электронии пардохти маблағи барқ дар шаҳри Хуҷанд аз тариқи ҳамёнҳои электронӣ кор намекунад.
Ин ҳолат сокинонро аз эҳтимоли қатъи барқи хонаҳояшон нигарон кардааст, чун пардохти маблағи масрафи барқи як моҳи қабл ҳанӯз сурат нагирифтааст.
Масъулини ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи баамаломадаро шарҳ додаанд.
Илҳомҷон Сангинов, роҳбари бахши тиҷоратии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд ҳолати мавҷударо мушкили техникӣ арзёбӣ кард.
“Ҳоло навсозии (обнавление) барномаи пардохти маблағи барқ тариқи ҳамёнҳои электронӣ ҷараён дорад. Ин кор имкон фароҳам меоварад, ки сатҳи хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар гардад. Умедворам, ки рӯзҳои наздик ин корҳо ба анҷом хоҳад расид” – қайд намуд, Сангинов.
Монтажник на вышке сотовой связи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2024
"Барқ нест, мавҷ нест": Сокинони рустоҳои Суғд дар бораи мушкили алоқаи мобилӣ мегуянд
Ин масъули идораи барқи Хуҷанд гуфт, ки то замони фаъол шудани барнома барқи муштариён хомӯш карда намешавад.
ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд яке аз зерсохторҳои ширкати “Барқи тоҷик” гуфта мешавад, ки тақсимоти барқ барои шаҳри Хуҷанд ва қисме аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро танзим мекунад ва ҳоло беш аз 70 ҳазор муштарӣ дорад.
Зимнан ба ғайр аз шаҳрҳои марказии вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе дар дигар рустоҳои Тоҷикистон барқ бо реҷаи маҳдуд дода мешавад.
Бино ба гуфти сокинон рустоҳои Тоҷикистон, алҳол рӯзона аз соати 05:00 то 08:00 ва бегоҳ аз соати 18:00 то 21:00 барқ дода шуда, дигар вақт интиқоли барқ қатъ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0