https://sputnik.tj/20241121/jalbi-mutashakkilona-muhojironi-korii-tojik-rusiya-afzoish-1065212744.html
Ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия 85% афзоиш ёфтааст
Ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия 85% афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, муҳоҷирони корие, ки ба таври ҷалби муташакиллона ба Русия мераванд, дар марзҳо барои вуруд шудан, мушкил пайдо намекунанд
2024-11-21T16:51+0500
2024-11-21T16:51+0500
2024-11-21T16:51+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
ҷалби муҳоҷирон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063597116_0:197:2965:1865_1920x0_80_0_0_07bc28dc09d95744d43e2cc4b7396ae0.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Шаҳноза Нодирӣ муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ки беш аз 11 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия дар чаҳорчӯби барномаи ҷалби муташаккилона сафар кардаанд."Дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ беш аз 11 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи ҷалби муташаккилонаи ба Русия барои кор рафтанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85% зиёд аст", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо РИА Новости.Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди он, ки дар бархе аз минтақаҳои Русия феҳристи ҷойҳое, ки муҳоҷирони корӣ метавонанд кор кунанд, маҳдуд кардаанд, теъдоди дархостҳои корфармоёни Русия афзоиш ёфтааст."Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ шумораи зиёди дархостҳо аз Тотористон омадаанд. Барои муҳоҷирони кории тоҷик намояндагони бахши кишоварзӣ, ширкатҳои "Ак Барс", "Камаз" барои интихоби коргарон, инчунин минтақаи Удмуртия, ки бо онҳо дар соҳаи нақлиёт шартнома баста шуда буд, дархост равон кардаанд”. — афзуд хонум Нодирӣ.Ба гуфтаи вай, бештари дархостҳо барои муҳоҷирони корӣ бештар аз шаҳрҳои Маскав ва вилояти Маскав, Екатеринбург ва вилояти Свердловск, Санкт-Петербург ва Иркутск расидааст."Вақте муҳоҷирони корӣ аз тариқи ҷалби муташаккил ба Русия мераванд, дар сарҳад мушкил пайдо намекунанд.“Мо ба онҳо номаи муроҷиатнома медиҳем ва корфармоён онҳоро дар фурудгоҳ пешвоз мегиранд”, - қайд кард муовини вазир.Вай тавзеҳ дод, ки феълан вуруди беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба қаламрави Русия мамнӯъ аст."Ҳоло мо ба Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод менамоем, ки барои онҳое, ки барои қонуншикании маъмурӣ вуруди онҳо ба Русия манъ шудааст афв шаванд”, - гуфт Нодирӣ.Муовини вазир илова кард, ки мақомот бо муовини аввали вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Александр Горов дар ин бора гуфтугӯ дорад.
https://sputnik.tj/20241111/rioya-qonun-ehtirom-muhojir-fadeev-roh-tanzim-muhojirat-rusiya-1065070797.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/13/1063597116_194:0:2925:2048_1920x0_80_0_0_37d9359fab1b983d90a1ef3ae8c8451a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷирати корӣ, тоҷик, русия, кор, муташакиллона
тоҷикистон, муҳоҷирати корӣ, тоҷик, русия, кор, муташакиллона
Ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия 85% афзоиш ёфтааст
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардааст, муҳоҷирони корие, ки ба таври ҷалби муташакиллона ба Русия мераванд, дар марзҳо барои вуруд шудан, мушкил пайдо намекунанд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Шаҳноза Нодирӣ муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ки беш аз 11 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия дар чаҳорчӯби барномаи ҷалби муташаккилона сафар кардаанд.
"Дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ беш аз 11 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи ҷалби муташаккилонаи ба Русия барои кор рафтанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85% зиёд аст", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо РИА Новости.
Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди он, ки дар бархе аз минтақаҳои Русия феҳристи ҷойҳое, ки муҳоҷирони корӣ метавонанд кор кунанд, маҳдуд кардаанд, теъдоди дархостҳои корфармоёни Русия афзоиш ёфтааст.
"Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ шумораи зиёди дархостҳо аз Тотористон омадаанд. Барои муҳоҷирони кории тоҷик намояндагони бахши кишоварзӣ, ширкатҳои "Ак Барс", "Камаз" барои интихоби коргарон, инчунин минтақаи Удмуртия, ки бо онҳо дар соҳаи нақлиёт шартнома баста шуда буд, дархост равон кардаанд”. — афзуд хонум Нодирӣ.
Ба гуфтаи вай, бештари дархостҳо барои муҳоҷирони корӣ бештар аз шаҳрҳои Маскав ва вилояти Маскав, Екатеринбург ва вилояти Свердловск, Санкт-Петербург ва Иркутск расидааст.
"Вақте муҳоҷирони корӣ аз тариқи ҷалби муташаккил ба Русия мераванд, дар сарҳад мушкил пайдо намекунанд.
“Мо ба онҳо номаи муроҷиатнома медиҳем ва корфармоён онҳоро дар фурудгоҳ пешвоз мегиранд”, - қайд кард муовини вазир.
Вай тавзеҳ дод, ки феълан вуруди беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба қаламрави Русия мамнӯъ аст.
"Ҳоло мо ба Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод менамоем, ки барои онҳое, ки барои қонуншикании маъмурӣ вуруди онҳо ба Русия манъ шудааст афв шаванд”, - гуфт Нодирӣ.
Муовини вазир илова кард, ки мақомот бо муовини аввали вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Александр Горов дар ин бора гуфтугӯ дорад.