Вазири хориҷаи Эрон ба омодагӣ ба ҷанги бузург даъват кард

Министр иностранных дел Ирана Аббас Аракчи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2024
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, ки Теҳрон ба ҳамлаи ахири Исроил ба Ҷумҳурии исломӣ дарвақти муносиб ва ба қадри имкон посух хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Эрон Аббос Ароқчӣ дар дидор бо фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (ҚУДС, воҳидҳои олии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон) хостори омодагӣ ба хуруҷи эҳтимолии даргириҳои бузурги мусаллаҳона шуд.
Вай таъкид кард, ки бояд ба душман қудрат нишон бидиҳанд.
"Тайёрӣ ба ҷанг онро пешгирӣ мекунад. Агар шумо хоҳед, ки аз сар задани он пешгирӣ кунед, шумо бояд қувваи худро нишон диҳед ва омодагии худро ба ҷанг ва дифоъ эълом кунед. Бо ин роҳ ин ҷангро метавон пешгирӣ кард. Агар шумо каме худро заиф нишон диҳед, яъне ба муқобилият омода нестед. Шуморо ба ҷанг маҷбур мекашанд", Қайд кард Ароқчӣ.
Вай илова кард, ки амалиёти ахири режими Исроил алайҳи Эрон боз як таҷовузи дигар аст.
“Амалиёти “ваъда воқеъӣ” ва амалиёти воқеии “ваъда воқеъӣ-2” хусусияти дифоъӣ доштанд. Таҷовузи нави режими Исроил сазовори вокуниш аст. Мо аз ҳаққи худ даст накашидаем, ки дар мавриди интиқод қарор гирифт. Мо вақтро барои ин интихоб мекунем ва ба қадри имкон посух медиҳем”, - афзуд дипломат.
Ҳамлаи мушакии рӯзи 1-уми октябр ба Исроилро Эрон “ваъда воқеъӣ-2” номид монанди амалиёти шабеҳ “ваъда воқеъӣ”, ки Эрон моҳи апрели соли 2024 дар посух ба тирборони Исроил ба консулгарии Ҷумҳурии Исломӣ дар Димишқ.
Али Шамхони, Глава высшего совета национальной безопасности Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2024
Генерали Сипоҳ гуфт, ки ИМА бояд ба Эрон триллион доллар пардохт кунад
Ароқчӣ таъкид кард, ки тасмим дар бораи анҷоми амалиёти “ваъда воқеъӣ- 3” дар посух ба ҳамлаи Исроил, ки рӯзи 26 октябр сурат гирифт, эҳсосотӣ нахоҳад буд.
Рӯзи 1 октябр Эрон дар вокуниш ба кушта шудани афроди калидӣ дар раҳбарони ҷунбиши фаластинии Ҳамос ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба Исроил ҳамлаи мушакҳои густурда анҷом дод. Исроил ваъда дод, ки ба ин ҳамла посух хоҳад дод.
Рӯзи 26 октябр артиши Исроил эълом кард, ки дар посух ба "ҳамлаҳои пайваста" ба ҳадафҳои низомӣ дар Эрон зарба мезанад. Нерӯҳои дифои ҳавоии Ҷумҳурии Исломӣ дар баёнияе гуфтаанд, ки ҳадафҳои низомӣ дар вилоятҳои Илом, Теҳрон ва Хузистон мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, аммо хисорот маҳдуд буда ва ҳамлаи аслӣ бо муваффақият дафъ шудааст. Дар ҳамлаи Исроил дастикам чаҳор сарбози эронӣ ва як ғайринизомӣ кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0