Тоҷикистон маҷмааҳои логистикӣ бунёд мекунад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / АНО "Дирекция спортивных и социальных проектов" / Гузариш ба медиабонкАзим Иброхим, министр транспорта Республики Таджикистан
Азим Иброхим, министр транспорта Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон ба рушди долонҳои устувори нақлиётӣ барои иртибототи нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳамияти хоса медиҳад
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Тоҷикистон тасмим дорад дар ҳудуди кишвар чанд маҷмааҳои логистикии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бунёд намояд, гуфт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар XVIII-умин форум ва намоишгоҳи байналмилалии "Нақлиёти Русия".
Ба гуфтаи вазири тоҷик барои ин ҳадафҳо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 100 миллион доллар омода карда шудаанд.
Азим Иброҳим қайд кард, ки ахиран дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин нишасти вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар паи он созишнома оид ба таҳкими ҳамбастагии нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расид.
Вазир таъкид кард, ки ин дастоварди муҳим барои минтақаи Осиёи Марказист.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2024
Вазири нақлиёт гуфт Тоҷикистон ба соҳаи нақлиёт дар тӯли 30 сол чӣ қадар пул сарф кардааст
Вай илова кард, ки Тоҷикистон ба рушди долонҳои устувори нақлиётӣ барои иртибототи нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳамияти хоса медиҳад.
“Барои фароҳам овардани шароит ба хотири фаъолияти устувори долонҳои нақлиётию транзитӣ байни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия талош дорем”,- гуфт ӯ.
Азим Иброҳим ҳамчунин илова кард, ки мавқеъи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ ҳамчун пул байни кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва шоҳроҳҳои сохташаванда хизмат мекунад ва инфрасохтор онро ба як маркази мукаммали транзитӣ табдил медиҳад.
Вазири тоҷик афзуд, ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, тадбирҳои ҳамаҷониба меандешад, ҳадафи мо шомил намудани низоми нақлиёти кишвар ба низоми умумии ҷаҳонӣ мебошад.
Азим Иброҳим қайд кард, ки дар ояндаи наздик ба инфрасохтори нақлиётӣ ҷалби ҳудуди 6,3 миллиард доллар дар назар аст.
“Солҳои охир дар мамлакати мо як қатор чорабиниҳои мақсаднок амалӣ карда шуданд, масалан, дар якҷоягӣ бо ширкати кореягӣ барномаи рушди системаи миллии логистикӣ дар Тоҷикистон таҳия шудааст”, - зикр кард вазири нақлиёти кишвар.
Лентаи хабарҳо
0