https://sputnik.tj/20240628/vazir-naqliyot-tojikiston-naqliyot-pul-sarf-1063374583.html
Вазири нақлиёт гуфт Тоҷикистон ба соҳаи нақлиёт дар тӯли 30 сол чӣ қадар пул сарф кардааст
Вазири нақлиёт гуфт Тоҷикистон ба соҳаи нақлиёт дар тӯли 30 сол чӣ қадар пул сарф кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёт гуфт, ки давоми 30 сол ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо бунёд шуд, ки дар натиҷа Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид мубаддал гардид
2024-06-28T16:01+0500
2024-06-28T16:01+0500
2024-06-28T17:26+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
масраф
азим иброҳим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040876727_0:0:1188:668_1920x0_80_0_0_a073116066e0dcf11bea5c6dbc768e6e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ахиран дар як маҷлис қайд кардаааст, ки дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардид.“Дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд”, қайд кард ӯ.Вай таъкид кардааст, ки дар ин муддат ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид мубаддал гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.“Солҳои охир барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум як силсила барномаҳои сармоягузории давлатӣ таҳия ва қабул гардида, дар онҳо ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ афзалият дода шуд”, - гуфт ӯ.Вай илова кард, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623,2 млн. доллар мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.
https://sputnik.tj/20240605/rohbaron-naqliyot-iiao-naqsha-sesolai-kori-1063099300.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040876727_51:0:1188:853_1920x0_80_0_0_0009a77f9e0c1a28aef076e7902c6234.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақлиёт, азим иброҳим, пул, масраф, қаламрав
тоҷикистон, нақлиёт, азим иброҳим, пул, масраф, қаламрав
Вазири нақлиёт гуфт Тоҷикистон ба соҳаи нақлиёт дар тӯли 30 сол чӣ қадар пул сарф кардааст
16:01 28.06.2024 (Навсозишуда: 17:26 28.06.2024) Вазири нақлиёт гуфт, ки давоми 30 сол ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо бунёд шуд, ки дар натиҷа Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид мубаддал гардид
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ахиран дар як маҷлис қайд кардаааст, ки дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардид.
“Дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд”, қайд кард ӯ.
Вай таъкид кардааст, ки дар ин муддат ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид мубаддал гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.
“Солҳои охир барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум як силсила барномаҳои сармоягузории давлатӣ таҳия ва қабул гардида, дар онҳо ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ афзалият дода шуд”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623,2 млн. доллар мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.