Афзоиши корҳои сохтмонӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО идома дорад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкРабочий во время ремонтно-строительных работ в Москве, архивное фото
Рабочий во время ремонтно-строительных работ в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2024
Обуна шудан
Бино бар иттилои омори расмӣ ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тамоюли болоравӣ дорад
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар нӯҳ моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиш дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиёба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла дар Арманистон – 6,3%, Қирғизистон – 33,8%, Қазоқистон10,1%, Беларус – 7,8% ва Русия – 2,5% мушоҳида шудааст.
Дар гузориши ин ниҳод ҳамчунин дар бораи истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон ва ғайра маълумотҳо оварда шудаанд.
Флаги стран-участников ЕАЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2024
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё сатҳи таварумро дар кишварҳои ИИАО таҳлил кард
Маълумоти муфассалтари оморӣ дар саҳифаи Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар бахши “Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО” оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Лентаи хабарҳо
0